Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатнок ва пешгирӣ аз фурӯши маҳсулоти пастсифат дар бозору мағозаҳо тибқи амри раиси ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ дар бозор ва дӯкону мағозаҳо рейдҳо гузаронида аз муомилот миқдори зиёди маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлаташон гузаштаро берун намуданд.
Нишондодҳои варзишгарони ноҳия дар соли равон назаррас буда, дар давоми соли равон зимни иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноьияи Қубодиён дар якҷоягӣ бо бахши хифзи муҳити зист ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аксияи ҳифзи муҳити зист таҳти шиори “Тозагӣ гарави саломатист” ташкил намуд, ки дар ин аксия зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъоли ноҳия ҷалб карда шуд.
Рӯзи 16 декабр дар МТМУ №2 даври вилоятии озмун аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ баргузор гардид. Дар ин озмун аз 14 ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. 8 нафар хонадагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни мазкур ширкат намуда, ба ду нафар имкон даст дод, ки ба даври чоруми озмун – ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёбанд. Ҳамчунин ду нафари дигар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён, дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис” рӯзи 29 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Қубодиён ҷиҳати “Тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон пайравони Пешвои Миллат” бо иштироки зиёда аз 150 ҷавони фаъоли ноҳия чорабинии иттилоотӣ г
Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” мизи мудаввар доир карда шуд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.