ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОН

Нишондодҳои варзишгарони ноҳия дар соли равон назаррас буда, дар давоми соли равон зимни иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла санаи 24 ноябри соли 2017, дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Чемпионати кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба “Гӯштини Юнону Румӣ” баргузор гардид, ки дар он 25 даста аз 25 шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Қобили зикр аст, ки дар чемпионати мазкур яке аз варзишгарони ноҳия Муҳаммадзода Муҳаммадшариф тими мунтахаби ноҳияро муаррифӣ намуда, 1 медали биринҷӣ ба даст овард.

20171219_113629.jpgИнчунин дар доираи Нақшаи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2017 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз 16 то 17 декабри соли равон чемпионати ҷумҳуриявӣ  оид ба “Теквандо-ВТФ” байни наврасон - дастпарварони соли таваллудашон 2003-2005-и муассисаҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли  ҷавонон» баргузор карда шуд. Дар ин чемпионат аз наврасон - дастпарварони соли таваллудашон 2003-2005-и муассисаҳои варзишии ноҳия 4 нафар варзишгарони фаъол иштирок намуда, яке аз онҳо, Мирзоева Хуршеда, дар вазни 29 кг соҳиби медали биринҷӣ ва диплом гардид.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.