Маҷлиси вакилони халқ
МАҚОМОТИ НАМОЯНДАГИИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар ноҳия бар асоси талаботҳои муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” амал менамояд.
Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад.
Мўҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.
Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдори моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро интихобкунандагони воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мўҳлати 5 сол интихоб мекунанд.
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён дар асоси меъёрҳои муайянкардашуда, иборат аз 40 вакил буда, шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иҷлосия буда, дар он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ дохиланд.
Ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунанда имзо мегузорад.
Дар як сол чор маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз тарафи раиси ноҳия (раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён) даъват карда мешавад.
Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳангоми зарурат иҷлосияҳои ѓайринавбатӣ баргузор мегардад, ки дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидааст.
КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
Маҷлиси вакилони халқ барои баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис медиҳад.
Дар назди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён 6 Комиссияҳои доимӣ мавҷуд буда, фаъолияти онҳоро низомномае, ки Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ кардааст, ба танзим медарорад.
I. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иборат аз 7 вакил буда, раиси Комиссия Шарипова Тоҷинисо -вакили ҳавзаи интихоботии № 16 мебошад;
II. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ, иборат аз 6 вакил буда, раиси Комиссия Юсупов Нурмуҳаммад-вакили ҳавзаи интихоботии № 5 мебошад;
III. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист, иборат аз 7 вакил буда, раиси Комиссия Гулҳусейнов Исҳоқ–вакили ҳавзаи интихоботии № 31 мебошад;
IV.Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, иборат аз 7 вакил буда, раиси Комиссия Тоҷиев Алӣ-вакили ҳавзаи интихоботии № 4 мебошад;
V.Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кўдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иборат аз 6 вакил буда, раиси Комиссия Бобобекова Гулбарг-вакили ҳавзаи интихоботии № 23 мебошад;
VI. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён оид ба одоби вакилон, иборат аз 6 вакил буда, раиси Комиссия Хаспалаева Муродгул-вакили ҳавзаи интихоботии № 26 мебошад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ дар доираи ваколати Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои муваққатӣ ташкил карда мешаванд.
Ҳайат, вазифаҳо, ваколат, мўҳлати фаъолият ва ҳуқуқҳои комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми таъсис додани онҳо муқаррар менамояд.