Тарҷумаи ҳол

МАЪЛУМОТНОМА

saburzodarais.jpgСабурзода Мирзодавлат Абдолӣ

аз 17 апрели соли 2023 дар мансаби раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон кор мекунад.

Соли таваллуд  1 июли соли1964         Ҷои таваллуд ноҳияи Рашт

Миллат тоҷик                                          Таҳсилот олӣ

Соли 1985 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемирро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос- агроном-олим

Унвон ва дараҷаи илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад? русӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не? узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не?

- Ифтихорномаи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

- Медали Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

- Медали Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ.

Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Суроға ноҳияи Рашт, Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат, деҳаи Болошаҳр

 

Собиқа ва фаъолияти корӣ

 

Солҳои 1985-1986-

Нозири тафтишотии минтақавии №2-и хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Вахш

Солҳои 1986-1989-

Котиби Кумитаи комсомолии хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Вахш

Солҳои 1989-1991-

Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи комсомолии  ноҳияи Вахш

Солҳои 1991-1993-

Муовини раиси Шӯрои созмони ҷавонони ноҳияи Вахш

Солҳои 1993-1998-

Раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Магнитагорскии Федератсияи Россия

Солҳои1998-2002-

Мушовири намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой

Солҳои 2002-2003-

Сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Солҳои 2003-2008-

Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷиликул

Солҳои 2008-2011-

Раиси ноҳияи Панҷ

 

Солҳои 2011-2014-

Мудири бахши  растанипарварии шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2015-

Сармутахассиси раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2015-2020-

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2020-2023-

Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2023 (01-04)-

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён вилояти Хатлон

Аз 17 апрели соли 2023 то ҳол

Раиси ноҳияи Қубодиён вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.