Таърихи ноҳия

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

ДОИР БА НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Ноҳияи Қубодиён яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта ва дар солҳои 1930—1970 ба ёди Анастас Микоян, яке аз раҳбарони шӯравӣ, ноҳияи Микоянобод номида шуд.

Аҳолӣ: 175 ҳазору 620 нафар (то 1 январи соли 2017); аз он ҷумла мард   86 ҳазору 229 нафар; занон 89 ҳазору 391 нафар.

Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.

Маркази ин ноҳия Ҷамоати шаҳраки Қубодиён аст, ки дар канори рӯди Кофарниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Қубодиён то Душанбе 185 км роҳ аст.

Ноҳияи Қубодиён бо сарзамине 1834,4 км² дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Ҷиликӯл, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳритус аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Қалъаи Зол аз ноҳияҳои Вилояти Қундузи Афғонистон ҳаммарз аст.

ТАЪРИХ

Мардум дар дараи рӯди Кофурниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст.

Нахустин бор аз Қубодиён дар «Таърихи Табарӣ», навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар замони лашкаркашии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хутталон дар соли 725 ёд шудааст.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қубодиён бахше аз вилояти Қурғонтеппа гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Қурғонтеппа дар он сол ба округ табдил дода шуд.

Қубодиён дорои 1 Ҷамоати шаҳрак ва 7 Ҷамоати деҳот мебошад:

МАВҚЕИ ҶУҒРОФӢ

Ноҳияи Қубодиён ба водии Кофарниҳони Поён мансуб буда, дар қисмати ҷануби ғарбии Тоҷикистон, қисмати шар­қӣ ва чапи рӯди Кофарниҳон ва дар баландии 788 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Ноҳия дар қисмати ғарбӣ бо ноҳияи Шаҳритуз, дар шарқ бо ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Қумсангир ҳамсарҳад аст. Маркази маъмурии он шаҳраки Носири Хусрав ба ҳисоб меравад. Майдони умумии ноҳия 1878 км2-ро ташкил медиҳад.

ТАБИАТ

Водии Қубодиёнро дар ҷануби баландкӯҳҳои Ҳисору Олой сарзамини пастрафта, ки бо қаторкӯҳҳои Боботоғу Оқтой, Қаротоғу Ҷелонтой иҳота намудааст. Дар асарҳои ҷуғрофию заминшиносӣ ин водии дорои ҳавзаҳои зиёд номи «депрессияи тоҷик»-ро гирифтааст. Ҷойгиршавии қаторкӯҳ­ҳо дар ҳудуди депрессия хусусияти хос дошта, дар ибтидо бо ҳам зич шуда, дар самти шимолу шарқ то ба баландии 400 метр мерасад ва мисли бодбезак дар самти ҷанубу ғарб паст рафта, то 300–350 метр фаромада, дар охир дар нимбиё­бонҳои соҳили Амударё ғоиб мешаванд.

МАОРИФ

Дар ноҳия 52 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 адад муассисаи таҳсилоти асосӣ, 2 адад гимназияи давлатӣ, 1 адад муассисаи хусусии таълимии ба номи Барфигул, 1 адад мактаб-парваришгоҳ, 1 адад муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 адад маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 адад маркази рушди дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 4 боғчаи бачагона фаъолият намуда истодааст.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 36560 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз он 17609 нафарашонро духтарон ташкил намуда, ба онҳо 2095 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд,  ки аз он 1270  нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон ҷиҳати рушду густариши бештари  тарбияи томактабӣ  ва ҷалби пурраи кудакон ба таълим  давоми солҳои охир тадбирҳои амалӣ андешида шуда, айни ҳол дар назди 33 адад муассисаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар онҳо  918 нафар кӯдакон, аз он ҷумла 391 нафар духтарон бо тамоми шароитҳои лозима ва омӯзгорони пуртаҷриба аз руи Барномаи давлатии тарбияи томактабӣ ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.

Номи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот

Аҳолӣ (ҳазор нафар)

  1.  

Ҷамоати   шаҳраки Қубободиён

11, 764

  1.  

Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав

27, 328

  1.  

Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов

19, 807

  1.  

Ҷамоати деҳоти ба номи Ӯтақара Назаров

 

  1.  

Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин

40, 851

  1.  

Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол

 

  1.  

Ҷамоати деҳоти Заркамар

12, 900

  1.  

Ҷамоати деҳоти Навобод

11, 441

ТАНДУРУСТӢ

Дар ноҳия беморхонаи марказӣ, 3 адад беморхонаи рақамӣ, 1 маркази саломатӣ, 16 адад маркази саломатии деҳотӣ, 33 адад бунгоҳҳои тиббӣ, маркази бемориҳои пусту зуҳравӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, маркази ташаккули тарзи ҳайёти солим, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази зидди бемориҳои сил, Маркази пешгирии бемориҳои норасоии масъунияти одам ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

Дар ноҳия шумораи умумии духтурони маълумоти олидор 147 нафар, духтурони аълочии соҳаи тандурустӣ 4 нафар, духтурони категорияи олӣ 23 нафар, духтурони категорияи якум 17 нафар ва духтурони категорияи дуюм 5 нафарро ташкил менамояд.

Барои хизматрасонии тиббии госпиталӣ ба аҳолӣ дар ноҳия 80 нафар духтурони маълумоти олидор ва 290 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд.

ФАРҲАНГ

Бахши фарҳанги ноҳия соли 1991 ба сохтори нави корӣ гузашта аз 4 Маркази фарҳангӣ-фарогатӣ, 1 осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат ва 18 китобхонаи оммавӣ  иборат  буда,  шумораи умумии кормандони бахш  86 нафар, аз он ҷумла бо маълумоти олии тахассусӣ 3 нафар, ва олии умумӣ 7 нафарро ташкил медиҳад.

There is currently no content classified with this term.

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.