Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатнок ва пешгирӣ аз фурӯши маҳсулоти пастсифат дар бозору мағозаҳо тибқи амри раиси ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ дар бозор ва дӯкону мағозаҳо рейдҳо гузаронида аз муомилот миқдори зиёди маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлаташон гузаштаро берун намуданд.
Тибқи иттилои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия маҳсулоте, ки бештар сифати паст дошта ва мӯҳлаташон гузаштаанд, хӯрокворӣ, аз ҷумла қаннодӣ, маҳсулоти равғанӣ, ширӣ, гӯштӣ мебошанд.
Дар давоми ҳафтаи сипаришуда ба анбори МДНЭС-и ноҳия маҳсулоти ба саломатӣ зароровар ба маблағи 828 сомонӣ ворид карда шуда, пас аз омода гардидани ҳуҷҷатҳои лозима маҳсулоти ҷамъовардашуда нобуд карда мешавад.