Паёму табрикот
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 32-сола шуд.
Наврўз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва арзишманди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дўш дорад.
Инак Соли нави мелодии 2019-ум фаро мерасад. Мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди ноҳия чун дигар минтақаҳои кишвар соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли навро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд.
Дирӯз мову Шумо ва тамоми ҷаҳониён тавассути инъикоси намояндагони Воситаҳои ахбори умум шоҳиди боз як рӯйдоди таърихӣ, амалишавии ормони мардуми шарифи Тоҷикистон, самараи ваҳдату истиқлол, шоҳиди маросими ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии Роғун гардидем, ки дар ҳузури ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат ва садҳо нафар меҳмонон аз кишварҳои мухталифи олам баргузор гардид.
Имрӯзҳо дар сартосари ҷаҳон ва аз ҷумла дар кишвари азизамон Иди сайиди Қурбон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи сокинони ноҳияро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони онҳо сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Аз таъсисёбии хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 – сол пур мешавад. Ба муносибати ин тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан ҳайати шахсии Қисми мустақили 49-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Қубодиёнро табрик намуда, барояшон барору комёбӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.