Рӯзи 16 декабр дар МТМУ №2 даври вилоятии озмун аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ баргузор гардид. Дар ин озмун аз 14 ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. 8 нафар хонадагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни мазкур ширкат намуда, ба ду нафар имкон даст дод, ки ба даври чоруми озмун – ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёбанд. Ҳамчунин ду нафари дигар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ёдовар мешаваем, ки дар саросари вилоят аз тамоми фанҳо озмуни даври вилоятӣ бургузор гардида истодааст. Намояндагони ноҳияи Қубодиён дар аксари ин озмунҳо иштирок менамоянд.