Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” мизи мудаввар доир карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби либоси миллӣ байни занону бонувон, риояи дурусти Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва ғайраҳо буда, масъулин оид ба масъалаҳои номбурда дар назди ҷамъомадагон суханрониҳои судманд анҷом доданд.