Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноьияи Қубодиён дар якҷоягӣ бо бахши хифзи муҳити зист ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аксияи ҳифзи муҳити зист таҳти шиори “Тозагӣ гарави саломатист” ташкил намуд, ки дар ин аксия зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъоли ноҳия ҷалб карда шуд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 2 км роҳи ҳудуди Ҷамоати шаҳраки ноҳия аз партовҳо тоза гардида, аз тарафи волонтёрони назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба аҳолӣ зиёда аз 50 дона газетаи “Инсон ва табиат” ва 100 дона варақаҳо оиди тозагии ҳифзи муҳити зист тақсим карда шуд.
Инчунин дар рафти аксия ба аҳолӣ оиди риояи тозагии муҳити зист ва маданияти шаҳрдорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.