Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён, дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис” рӯзи 29 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Қубодиён ҷиҳати “Тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон пайравони Пешвои Миллат” бо иштироки зиёда аз 150 ҷавони фаъоли ноҳия чорабинии иттилоотӣ гузаронида шуд
Зимни баргузории чорабинӣ ҷавонони ноҳия суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав баён намуданд.
Ҳамзамон тибқи нақша чорабиниҳои болозикр дар санаи 29 ноябри соли ҷорӣ ноҳияи Қубодиён бо фаъолони маҳал, занони фаъол, ходимони дин, омӯзгорон ва ҷавонони фаъол бо иштироки 40 нафар мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар ҷараёни ин вохӯрӣ изҳор карда шуд, ки ҷавонони ноҳияи Қубодиён бо пайравӣ аз суханони пурмазмуни Пешвои Миллат зиракии сиёсии худро нигоҳ дошта, баҳри ояндаи неки худ аз имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳанд кард.
Дар интиҳои чорибинӣ ба як қатор ҷавонони фаъоли ноҳия аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.