Дирӯз гурӯҳи кории беш аз 150 нафараи навоҳии Рӯшон ва Роштқалъа бо мақсади намоиши ҳунар ва фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вориди ноҳияи Қубодиён гардиданд.
Бахшида ба Иди Ғалаба дар муассисаҳои таълимии №1 ва №48 Ҷамоати шаҳраки Қубодиён маросими гулчанбаргузорӣ дар назди лавҳаи хотираи қурбониёни Ҷанги дуввуми ҷаҳон ва оташи абадӣ баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон иштирок намуда, хонандагони муаасисаҳои мазкур дар васфи қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ шеърҳо қироат намуданд.
Имрӯзҳо дар сар то сари кишвари азизамон, дар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо яке аз ҷашнҳои таърихӣ, 73-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Аз ин фурсат истифода бурда, Иди Зафарро ба мардуми шарифи ноҳия табрик мегӯям.
Санаи 3 апрели соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Чорбоғ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов бозии футбол байни дастаи “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён ва дастаи “Вахши Зарнисор”-и ноҳияи Вахш барои дарёфти “Ҷоми Федиратсияи футболи Тоҷикистон” дар доираи лигаи II-юми вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар бозии мазкур бозингарони дастаи “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён фаъолияти хуб нишин дода, бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.
Дар қасри фарҳанги ноҳия фестивал – озмуни “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Сайри китоб” баргузор гардид.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия семинар – машварати гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар доир ба омодагӣ ҷиҳати саривақт ҷорӣ намудани механизми таин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бо намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия баргузор гардид.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.