Масъалаҳои рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар муассисаҳои таълимии ноҳия, мутобиқсозии номи маҳаллаҳо ба меъёри забони давлатӣ, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ҳисоботи Комиссияи доимии МВХ ноҳия “Оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия” ва ҳамчунин муроҷиати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба тамоми сокинони ноҳия ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баррасӣ гардида аз рӯйи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Доир ба масъалаи номгузорӣ, ки аз тарафи раиси Комиссия “Оид ба баррасии пешакии масъалаҳои вобаста ба номгузорӣ ва тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия”, муовини раиси ноҳия Шарипова Тоҷинисо бо пешниҳоди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қироат гардид, гуфта шудааст, ки деҳаҳои Қизил-Куч ва Қизил-нишони Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол мутаносибан ба Саховат ва Саҳбо, деҳаи Чкалови Чамоати деҳоти Тахти Сангин ба Зархок, деҳаҳои Пакала ва Юлдузқоқи Чамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов ба Дубеда ва Ялдиж иваз карда шавад.