Бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинӣ – вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар баромад намуда, ҳайати шахсии Қисми мустақили 49-уми Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияро ба муносибати санаи таъсисёбии хадамот табрику таҳният гуфта, фаъолияти қисмро дар ноҳия қаноатбахш унвон намуд.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ қайд намуд, ки Қисми мустақили 49-ум дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 195 ҳазор сомонӣ моликияти давлативу хусусиро аз сӯхтор эмин нигоҳ доштанд.
Инчунин сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ лар ноҳия подполковники милитсия Давлатзола Шафқат суханронӣ намуда, зимни баромад аз ҳодисаҳои фоҷиабори сӯхтор, ки тайи солҳои охир дар саросари мамлакат рух додаанд, ёдоварӣ намуда, аз сокинони ноҳия даъват намуд, ки дар истифодаи воситаҳои оташангез боэҳтиёт бошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо нишони қадрдонӣ ба шахсони сазовори ин соҳа ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби раиси ноҳия барои фаъолияти пурсамар як адад телевизор ба Қисми мустақили 49-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия тӯҳфа карда шуд.