Имсол, аниқтараш 15-уми апрели соли равон ба зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, яке аз поягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ расо 140 сол пур мешавад.
Рӯзи 27 марти соли равон ҷиҳати омодагӣ ба оғози корҳои сохтмонии корхонаи азими истеҳсоли семент ба мавзеи сохтмони ин корхона – деҳаи Равшанободи Ҷаомати деҳоти ба номи Носири Хусрав роҳбарияти ширкатҳои пудратчӣ ва фармоишгар ташриф оварданд.
Имрӯзҳо халқи шарифи кишвари азизамон бузургтарин ва зеботарин ҷашни ниёгонамон – Наврӯзи Аҷамро, ки пайки эҳёи табиат ва фарорасии мавсими киштукори кишоварзон мебошад, ҷашн гирифта истодаанд.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро доир намуд, ки аз он теъдоди зиёди шаҳрвандон дидан намуданд.
Муҳиддин Кабирӣ бо дастгирӣ ва пуштибонии Эрон Мирзораҳим Кузовро аз Додгоҳи олии Юнон озод намуд. Ин озодсозиро ҳарчанд аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ғолибият донистанд, вале раҳои барои аксар аз аҳли қалам ва таҳлилгарони сиёсатшинос чизи нав ва ҷолиб нест. Аксаран ва махсусан банда ҳам интизор доштам, ки Кузовро озод хоҳанд кард. Чаро? Чунки Юнон ва дар маҷмуъ Аврупо - лона ва сарпаноҳи асосии аъзоёни ТЭТ ҲНИТ, ки дар Точикистон муртакиби ҳазорҳо ҷурми нобахшидани шудаанд, мебошад.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.