Имрӯзҳо халқи шарифи кишвари азизамон бузургтарин ва зеботарин ҷашни ниёгонамон – Наврӯзи Аҷамро, ки пайки эҳёи табиат ва фарорасии мавсими киштукори кишоварзон мебошад, ҷашн гирифта истодаанд.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро доир намуд, ки аз он теъдоди зиёди шаҳрвандон дидан намуданд.
Муҳиддин Кабирӣ бо дастгирӣ ва пуштибонии Эрон Мирзораҳим Кузовро аз Додгоҳи олии Юнон озод намуд. Ин озодсозиро ҳарчанд аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ғолибият донистанд, вале раҳои барои аксар аз аҳли қалам ва таҳлилгарони сиёсатшинос чизи нав ва ҷолиб нест. Аксаран ва махсусан банда ҳам интизор доштам, ки Кузовро озод хоҳанд кард. Чаро? Чунки Юнон ва дар маҷмуъ Аврупо - лона ва сарпаноҳи асосии аъзоёни ТЭТ ҲНИТ, ки дар Точикистон муртакиби ҳазорҳо ҷурми нобахшидани шудаанд, мебошад.
Бахшида ба 106-солагии матбуоти тоҷик раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Файзуллозода Зафар аҳли эҷоди рӯзномаи ноҳиявии “Тахти Қубод”-ро ба ҳузур пазируфт. Нахуст дар ин вохӯрӣ раиси ноҳия аҳли эҷоди рӯзнома ва сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, пешаи рӯзноманигориро яке аз касбҳои муҳим ва таъсирбахши ноҳия унвон кард.
Расулуллоҳ алайҳиссалом фармуданд: «Яҳудиҳо ба ҳафтоду як фирқа тақсим шуданд, насоро ба ҳафтоду ду гурӯҳ, зуд аст, ки уммати ман ба ҳафтоду се фирқа мутафарриқ мегардад, ки ба ҷуз як гурӯҳ дигар ҳама дар норанд, ки он як гурӯҳи наҷотёбанда ҷамоатанд» (яъне аҳли суннат ва ҷамоъат).
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.