ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН БА МУНОСИБАТИ 90-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ

Аз таъсисёбии хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 – сол пур мешавад. Ба муносибати ин тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан ҳайати шахсии Қисми мустақили 49-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Қубодиёнро табрик намуда, барояшон барору комёбӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.

Мубориза бо сӯхтор ва бартараф намудани оқибатҳои он ҳанӯз аз охири солҳои бистуми асри бист, аниқтараш 30-юми июли соли 1928 дар кишвар расман шурӯъ гардида, то имрӯз кормандони ин соҳа ҷони ҳазорон нафарро аз коми оташ наҷот дода, амволи зиёди давлтиву хусусиро аз сӯхтор ҳифз намуданд.

Қобили зикр аст, ки сохтори Хадамоти давлатии оташнишонии кишвар дар солҳои оғози фаъолияти худ аз даҳ нафар иборат буда, таҷҳизоти кории онҳо аз аспу ароба, як адад насоси дастӣ, зарфи обгирӣ ва 180 метр рӯда иборат буда, бо ҳамин восита бо сӯхтор мубориза мебурданд.

Даврони соҳибистиқлолии мамлакат замони авҷи пешрафти соҳаи мазкур дониста шуда, дар ин давра бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар аксар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Қубодиён қисмҳои ҳарбикунонидашудаи Хадамот таъсис дода шуданд.

Вобаста ба фаъолияти Қисми ҳарбикунонидашудаи 49-уми Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Қубодиён бояд қайд намуд, ки қаблан қисми мазкур бо 35 воҳиди корӣ танҳо як воситаи нақлиёти оташнишонӣ дар ихтиёр дошт.

Соли гузашта бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва талошу кӯшишҳои роҳбарияти қисм ду адад воситаи нақлиёти оташнишонӣ ба ноҳия ворид гардида, фаъолияти хадамоти оташнишонӣ пурзӯр карда шуд. Ҳамчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати пурзӯр намудани базаи модиву техиникии соҳа барои як адад нақлиёт мошинасрой сохат ба истифода дода шуда, сохтмони бинои нави замонавии қисми ҳарбикунонидашудаи хадамоти оташнишонии ноҳия ба нақша гирифта шудааст.

Воқеан, кормандони хадамоти оташнишонӣ фаъолияти пуршараф дошта, саҳми онҳо дар ҳифзи ҷону саломатӣ ва моликияти сокинони ноҳия беандоза бузург мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Қисми ҳарбикунонидашудаи 49-уми Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия дар давоми 6 моҳи сипаришуда аз се ҳодисаи нохуши сӯхтор пешгирӣ намуда, дар натиҷаи он ба малағи 195 ҳазор сомонӣ моликияти давлативу хусусӣ аз сӯхтор эмин карда шуд.

Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия бехатарӣ аз сӯхторро дар тамоми чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ таъмин намуда, барои пешгирӣ намудани  хамагуна ҳодисаҳои нохуши вобаста сӯхтор ҳамеша омода мебошанд.

Аз фурсат истифода бурда миннатадории худро ба кормандони хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва хизматҳои софдилонаашон баён менамоям.

Бори дигар тамоми кормандони хадамоти давлатии оташнишониро ба муносибати иди касбиашон ва солгарди таъсисёбии хадамот табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои касбии онҳо бурдбориву комёбӣ ва пешрафту муваффақиат таманно дорам.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.