Ҳамватанони азиз!
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 дар бораи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри сазовор ва бо дастовезҳои арзанда истиқбол намудани ин ҷашни фархундаи миллӣ мо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия худро масъул медонем, ки баҳри ободониву шукуфоӣ ва бунёдкориву созандагии ноҳия саҳмгузор бошем.
Дар робита ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси ноҳия аз 5 июни соли 2018, №772 қабул гардида, дар асоси он гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати омӯзиши талаботи маҳал ба иншооти зарурӣ ва вазъи ободонӣ таъсис ёфта, Нақшаи чорабиниҳои тибқи қарори мазкур таҳия ва тасдиқгардида бо назардошти талаботи ҳар як деҳаву маҳалла рушди сартосарии ноҳияро бо бунёд намудани даҳҳо иншооти марбут ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, бурдани корҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро дар бар гирифта, амалӣ гаштани ин Нақшаи муҳим ба рушди устувори маҳалли зистамон такони ҷиддӣ дода, сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияро беҳтар менамояд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои созанда кӯшишу талоши дастаҷамъонаи сокинон ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои кории мазкур зарур шуморида мешавад. Зеро танҳо бо ҳамкории дастаҷамъӣ метавон ин гӯшаи диёрро дар фурсати начандон тӯлонӣ бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба макони зебову обод ва пешрафта табдил дод.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳамаи пешравию дигаргуниҳо ва комёбиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми арзандаи сокинони ноҳия зиёд мебошад.
Бинобар ин, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён бо муроҷиат ба ҳамаи сокинони ноҳияи Қубодиён изҳор медоранд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои гузошташуда ва рушди минбаъдаи ноҳия тавассути дастгирии молиявӣ ба фонди рушди ноҳия ва гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъӣ то рӯзи баргузории ҷашн саҳмгузорӣ намоянд.
Итминони комил дорем, ки ин муроҷиати мо, ки баҳри созандагиву бунёдкорӣ ва ободонию гулгулшукуфии ноҳия нигаронида шудааст, аз мадди таваҷҷӯҳи сокинони сарбаланд ва боору номуси ноҳия дур намонда, мардуми шарафманди Қубодиёни бостонӣ ҳамдилии худро ба ин тасмими наҷиб иброз медоранд.
Вакилони Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Қубодиён
ш. Қубодиён, 25 июни соли 2018