ТАБИАТИ ИНСОН. АСОСҲОИ АХЛОҚИЮ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ ВА ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ

Таҳти ҳамин унвон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия семенар – вохӯрӣ бо иштироки директори Маркази антропологияи АИҶТ, доктори улуми фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музаффар баргузор гардид, ки дар роҳбарияти ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ноҳия ширкат намуданд.

Дар ин вохӯрӣ профессор Муҳаммадалӣ Музаффар ба шарҳи назариявии омилҳои эҳтимолии даст задани ҷавонон ба ҷиноят пардохта, қайд намуд, ки дар илм нӯҳ сифат муайян шудааст, ки шахсоне, ки агар ҳатто яке аз онҳоро доро бошад, эҳтимоли даст задани вай ба ҷиноят вуҷуд дорад. Ба қавли вай, ғазаб, ғурур, шӯҳратпарастӣ, бахилӣ, ҳарисӣ, тарсуӣ, шикампарастӣ, шаҳвонияти ифротӣ ва рӯҳафтодагӣ аз ҳамин сифатҳо мебошанд, ки онҳо заминаи сифатҳое, ки ҳамчун кирдорҳои чиноятӣ – фиребгарӣ, ғасб ва таҷовуз шинохта шудаанд, фароҳам меоранд.

Бар акси ин ҳолатҳо сифатҳое, чун меҳрубон будан, хоксориву фурутанӣ, эътиқод, ҳақиқатпарастӣ, саховатпешагӣ, ба умед будан, одӣ будан, покдоманиву муҳаббати самимӣ ҳастанд, ки онҳоро ҳангоми тарбияти фарзанд бояд ҳамеша ба кор бурд.

2018-05-16 19-14-11.JPGБино ба гуфтаи ин профессор кирдори ҷиноят ба ҷаҳонбинии инсон вобаста мебошад. Ба қавли вай, ҷаҳонбинии инсон ба шаклҳои муқаррарӣ, динӣ, илмӣ ва фалсафию ҳикмат ҷудо шуда, шахсони дорои ҷаҳонбинии танги динӣ, ки муҳтавои аслии ин ҷаҳонбинӣ барои онҳо рӯшан нест, бештар тамоюл ба эҷоди ҷинояткорӣ доранд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.