Рӯзҳои 11-13-уми май гурӯҳи кории навоҳии Рӯшон ва Роштқалъа дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати намоиши фарҳанг ва ҳунари худ вориди ноҳияи Қубодиён шуд.
Тавре қаблан хабар дода будем, шоми 11-уми май ҳайати ноҳияҳои болозикрро роҳбарияти ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хос дар даромадгоҳи ноҳия истиқбол намуд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои вилоят нақшаи чорабиниҳои ноҳия таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи он субҳи 12 май даро назди қасри фарҳанги ноҳия ҳунарҳои дастии косибон ва дӯзандагони ноҳия ба маърази тамошои меҳмонон гуошта шуд.
Пас аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ меҳмонон аз осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия, ки ба тозагӣ таъмир гардида буд, дидан намуда, аз таърихи ғании ноҳия, бозёфтҳои нодир ва дастовардҳои замони истиқлолият, ки бо заҳматҳо ва талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омдаанд, шиносоӣ пайдо намуданд.
Сипас дар бинои ҷасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунармандони таетрҳои Рӯшон ва Роштқалъа ба саҳна гузошта шуд, ки он дили тамошобинони ноҳия таассуроти амиқи худро гузошт. Аз тарафи тамошобинон ба ҳунари волои ин ҳунармандон баҳои баланд дода шуд.
Баъд аз нисфирӯзии 12 май тибқи нақшаи тасдиқгардида маҳфилу вохӯриҳои Занони Бадахшон ва Хатлон дар мавзӯи “Модарон дар шоҳроҳи Ваҳдат”, “Шоми ҷавонӣ” ва маҳфили адибон – “Ширу шакар” баргузор карда шуданд.
Дар маҳфилҳои мазкур оид ба дастовардҳои замони истиқлол, шеъру адаб нақши занон ва ҷавонон дар таҳкими сулҳу дӯстӣ табодули афкор сурат гирифта, иштирокчиёни ҳарду ҷониб аз ин маҳфилҳо таассуроти мусбат бардошт намуданд.
Чорабинии “Шоми дӯстӣ” ба ҳайси ҷамъбасти рӯзҳои фарҳанги навоҳии Рӯшону Роштқалъа дар ноҳии Қубодиён шоми 12 май дар саҳни бинои қасри фарҳанг баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Файзуллозода Зафар суханронӣ намуда, бори дигар қудуми меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, ба санъати ҳунармандони ин ноҳияҳо баҳои баланд дод. Раиси ноҳия ба меҳмонон барои заҳматҳояшон ҷиҳати намоиши фарҳанг ва ҳунари бадахшӣ дар ноҳия изҳори сипос намуд.
Дар идомаи чорабинӣ роҳбари гурӯҳи меҳмонон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Қозибеки Ҷонибек баромад намуда, аз меҳмоннавозии сокинони ноҳия изҳори миннатдорӣ карда, фарҳангро пайвандгари наслҳо унвон намуд. Ӯ дар баромади худ қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо мустаҳкам намудани равобити сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ва муаррифӣ намудани фарҳангу ҳунари якдигар мебошад.
Ҳамчунин дар чорабинии “Шоми дӯстӣ” намояндагони ҳарду ноҳия суханронӣ намуда аз ташкил ва баргузории рӯзҳои фарҳанги Рӯшону Роштқалъа ва шароити фароҳамовардашуда изҳори миннатдорӣ намуда, намояндагони аҳли адаби меҳмонон аз ин чорабинӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, шеърҳои дар ин зимн эҷодкардаи худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Субҳи 13 май маросими гусели меҳмонон дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардида, бо супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ меҳмонон ба самти шаҳри Бохтар раҳсипор карда шуданд.