Дар доираи чорабиниҳои ба бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи оммавии “Дави миллӣ” бо иштироки беш аз ду ҳазор нафар сокинони синну соли гуногун дар маркази ноҳия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Зафар Файзуллозода иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки Дави миллӣ ба яке аз мусобиқаҳои анъанавии ҷумҳуриявӣ табдилёфта, сол аз сол бо афзудани нуфузи ин мусобиқа теъдоди хоҳишмандон баҳри иштирок дар он зиёд мегардад.
Ба гуфтаи раиси ноҳия гузаронидани чунин чорабиниҳои варзишӣ барои беҳтар намудани тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва дигар зуҳуроти нописанд мусоидат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, мусобиқаи Дави миллӣ аз рӯқи категорияҳои гуногуни синну сол баргузор гардида, дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон бо ихтихорнома сарфароз гардонида шуданд.