КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ: “ҶАМОАТҲО СОМОНАИ РАСМӢ ТАШКИЛ КУНАНД”

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи сайёри Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаи рафти татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” дар ноҳия баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода ифтитоҳ намуда, ҳайати меҳмононро ба ҳозирин шинос намуд.

Дар кори ҷаласа танҳо як масъала – рафти татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” дар ноҳияи Қубодиён баррасиӣ гардида, оид ба ин масъала Қурбонзода Бек Хол – муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Номбурда зимни суханронии худ вобаста ба иҷрои Қонунин Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳамаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар шабакааи Интернет” зикр намуд, ки баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сомонаи ноҳия  аз 25 октябри соли 2017  ба фаъолият шурӯъ намудааст. Аммо қайд гардид, ки двр баробари сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро низ зарур аст, ки ҷиҳати инъикоси пурраи фаъолият дар шабакаи Интернет сомонаҳои худро дошта бошанд.

Бинобаор ин, тавсия дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти он барои таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои босифати қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2017 с., №344 дар ташкили сомона, таҳияи Низомнома, дастгирӣ ва рушди сомонаҳои расмии онҳо дар шабакаи интернет корҳоро ҷоннок намоянд.

Ҳамчунин зимни баррасии рафти татбиқи моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар ноҳия қайд гардид, ки Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ташкил, инкишоф ва фаъолияти самараноки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шароити зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддӣ ва молиявӣ муҳайё менамояд.

20180620_090758.jpgДар рафти ҷаласаи аз тарафи масъулин вобаста ба рафти иҷрои дигар паҳлӯҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот» суҳбат гузаронида доир ба рафъи мушкилоти ҷойдошта ва татбиқи пурраи қонуни мазкур вазифа ва тавсияҳо дода шуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.