ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА ИДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ба муносибати иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳия чорабиниҳои тантанавии идона бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардиданд. Ҳамзамон дар рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси ноҳия як қатор иншооти ҷашнӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида таҷлили ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сокинони ноҳия бунёд гардида буданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

20180626_165630.jpgАз ҷумла,раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳия қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳддати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин иншооти ҷашнии бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – майдончаи варзиширо дар арафаи яке аз ҷашнҳои фархундаи миллӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

20180626_170712.jpgГуфта мешавад, майдончаи мазкур бо ибтикори сокини Ҷамоати шаҳраки Қубодиён дар масоҳати 624 м2 ба маблағи 220 000 сомонӣ бунёд гардида, дорои тамоми шароит барои баргузор намудани анвои гуногуни вразиш мебошад.

Ҳамчунин дар доираи таҷлили ҷашни Ваҳлати миллӣ дар мавркази ноҳия коргоҳи дӯзандагӣ ба кор шурӯъ намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он раиси ноҳия иштирок намуд.

20180626_182615.jpgСипас дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ҷашни Ваҳлати миллӣ чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия суханронӣ намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ин иди фархунда табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоят душвору нооромии даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Қайд гардид, ки санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ боз кард.

Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи ҷолиби консертӣ чорабинии бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллиро ҳусни анҷом бахшид.

20180626_172032.jpg20180626_172805.jpg

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.