Ба тамоми сокинони ноҳияи Қубодиё аз номи ҳаҷравандагони соли 2018-и ноҳияи Қубодиён Ҳамдиёрони азиз! аз 13.06. 2018 ш. Қубодиён

Мо сокинони ноҳияи Қубодиён Вобаста ба иҷрои Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014 №АП- 159 ҷиҳати дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ расонидани кӯмакҳо ба оилаҳои ниёзманд, фақирону муҳтоҷон, ятимону барҷомондагон, бепарасторону  мактаб-итернатҳо якдилона ҷонибдори намуда, саҳми худро мегузорем. Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат ва ҳамзамон эҷоди заминаи истифодаи иқтидори ноҳия рушти соҳаи сайёҳӣ ва дар заминаи он таҷдиду тармими осорхона, мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ҷиҳати амалӣ гаштани лоиҳаҳои марбут ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028 саҳм гузоштан дар идомаи корҳои ободонӣ дар пойтахти мамлакат , омодагӣ ба таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ доир намудани корҳои ободонӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва дар шароити бӯҳрони молиявӣ дастгирии дастаҷамъона  намуда, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои зикргардида ба мақсад мувофиқ мебошем. Инчуни мо ҳаҷравандагони ноҳияи Қубодиён, ки ҳолати сарзадани офати табиӣ дар минтақаҳои ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ба инобат гирифта мо якдилона, дастаҷамъона кӯмаки худро мерасонем. Дар фарҳанги Исломӣ ҳар кас асосгузор ё зиндакунандаи кори хубе (суннати ҳасана) бошад, то рӯзе ки одамон он корро анҷом медиҳанд барои ӯ низ савоб навишта хоҳад шуд. Садақаи ҷория ҳам монанди кори хуб то рӯзе, ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд савобаш ба омили он хоҳад расид. Ҳамаи ин ба шарофати сулҳу суботи мавҷуда насиби мо гаштааст. Аз ин рӯ, мо бояд шукрона намуда, дар татбиқ ва амалисозии дастуру супоришҳои Президенти кишвар камари ҳиммат бандем, ҳама чун як тан дар ободонӣ ва пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Ҳаҷравандагони ноҳияи Қубодиён

 

Миёна: 3 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.