Воқеан, аз саҳнасозиву дасисабозии аъзои ҲНИ кас дар ҳайрат мемонад. Барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразонаи худ аз тамоми имконият истифода мебаранд. Имсол ҷаласаи САҲА ба иғвову тавтеаҳо ва доду фарёди беасоси наҳзатиён, ки соли 2016 дар Варшава барпо намуда буданд, роҳ надод. Ин чораҷӯии САҲА ба амалисозии нақшаҳои ғаразонаи ҲНИ маҳдудият эҷод намуд. Бинобар ин, роҳҳои алтернативи амалисозии онҳоро ҷустуҷӯ намуданд.
Дирӯз Нуриддин Ризоӣ-узви фаъоли ташкилоти экстремистии “Гуруҳи 24” дар ҷаласаи САҲА суханронӣ намуда, бидуни асос ва далел дар бораи фишороварӣ ва зӯроварӣ ба ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла ба ӯзбекзабонҳо таваққуф намуд. Иддаоҳои Н. Ризои аз иғвою туҳмат беш набуда, ҳадафи ӯ танҳо як чиз аст: бадном ва беобрӯ намудани Тоҷикистон ва рахна андохтан ба дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек.
Тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ ба ноҳия ташриф овардаанд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти раиси ноҳия бо соҳибкорону сармоягузорон бахшида ба таҷлили Рӯзи соҳибкорон ва баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорони шаҳри Душанбе таҳти увони “Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ” баргузор гардид.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, фарҳанг, комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, шуъбаи маорифи ноҳия аз 25-уми августи соли 2018 оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Шарипова Тоҷинисо дар МТМУ №24-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳок
Рӯзи 8 сентябр дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар чорабинии идона ва маҷлиси тантанавӣ бо шукӯҳу шаҳомати ҷашнӣ баргузор гардид.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.