Бахшида ба Рӯзи таъсисёби милитсияи тоҷик дар қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси идона ва чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Зафар Файзуллозода, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, тамоми ҳайати кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва фаъолони ноҳия ширкат намуданд.
Раиси ноҳия ҳайати шахсии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияро бо иди касбиашон табрик намуда, қайд намуд, ки милитсияи Тоҷикистон аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳамеша посдори сулҳу субот, оромиву осоиштагии мардум, тартибу низом ва кафили боэътимоди давлату миллат мебошад. Ҳамчунин дар баромади раиси ноҳия гуфта шуд, ки маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия подполковники милитсия Шафқат Давлатзода зимни суханронӣ аз сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар бобати дастгирии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти фаъолият ва ҳаёти шахсии онҳо изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки ҳайати шахси шуъба омодаанд, ки ба таври шабонарӯзӣ барои таъмини пурраи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолият намоянд.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия барои хизмати софдилона ва ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ифтихорнома тақдим карда шуд.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ ба 69 нафар собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ ва 5 нафар аъзои оилаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар вақти адои хизмат фавтидаанд, кумаки яквақтаинаи молиявӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастрас карда шуд.
Гуфта мешавад, миёни ташкилоту муасссаҳои ноҳия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуд футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳия баргузор гардида буд ва дастаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ғолиби мусобиқа гардида, соҳиби Ҷоми раиси ноҳия шуд. Ба ғолибон дар лаҳзаи тантанавӣ Ҷоми раиси ноҳия, дипломи мусобиқа ва медалҳо барои ҷойи якум супорида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ базши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин чорабинии фарҳангии рангинро пешниҳод намуд.