САЙИДЮНУСИ ИСТАРАВШАНӢ КИСТ?

Расонаҳои ҳизби терористии наҳзатӣ шӯру валвалае карданд ки гӯё «ҷамъияте аз шахсиятҳои ба ном сиёсии тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд», созмонеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис намудаанд. Ин даъвои бузург боис шуд, ки бингарем ин «озодандешон» кистанд ва ин иқдом то чи ҳад ҷиддист? Аммо, афсӯс, вақте ки ба асли масъала огоҳ шудам, дидам, ки дар рӯйи хати онҳо хоине ба тамоми маъно бо номи Сайидюнуси Истаравшанӣ дида мешавад ва мехоҳам мулоҳизаҳои худро нисбат ба ин "шахс" ироа намоям.

Аз ибораҳои жожи онҳо монанди «афроди шинохта», «шахсиятҳои сиёсии тоҷик», «рӯшанфикрони миллат», «озодандешони тоҷик» ва ғайраро, ки расонаҳои бегона дар муаррифии ин шахсиятҳои «анҷуман» истифода кардаанд, бо рӯйхати муассисон муқоиса кунем, мебинем, ки дар байни онҳо ягон шахсияти шинохта ё фарҳангии тоҷик вуҷуд надорад. Магар касе дар Тоҷикистон «шахсияти сиёсӣ» ё «фарди шинохта»-еро бо номи Сайидюнуси Истаравшанӣ мешиносад? Чи тавр ин шахси гумном, ки на танҳо хиёнат ба ватан, балки хиёнат ба дин ва мазҳаби аҷдоди худ кардаро шахсияти сиёси ва озодандеш гуфта мешавад?! Сайидюнуси Истаравшанӣ на бо фарҳангу озодандешӣ, балки маҳз ба мазҳабфурӯшӣ фитнаандозӣ, муздурию хиёнаташ дар фазои маҷозии тоҷикизабонон (интернет) "машҳур" гаштааст.

Чӣ тавр тасаввур карда мешавад ки як нафар охунди мутаассиби бо тамоми вуҷудаш душмани на танҳо ба давлати дунявӣ, балки душмани аҳли суннат ва ҷамоъат метавонад дам аз озодӣ ва ҳифзи дунявият дар Тоҷикистон занад.

Саидюнуси Истаравшанӣ ҷосуси зархариди эрониҳои шиамазҳаб буда ба хотири маблағи ночизе аввал имону эътикодашро, баъдан ватану модарашро фурӯхтааст. Дар рӯзҳои сахте, ки ба сари мардуми Тоҷикистон омада ин "озодандеш" ҳамчун гадо дар назди хоҷагони худ буд. Ӯ чӣ медонад ки чӣ рӯзҳои сахти вазнине ба сари халку миллаташ омад ва баъдан бо хазорон машакату ранчу азоби ПЕШВОИ МИЛЛАТ ин суботу рушди Точикистон ба даст омад ва ин неъматро нодида гирифта, барои пайсаи сиёҳи хочагонаш чи бадие дар дили сахти сиёҳаш дорад, дар ҳақи ватани хеш мегӯяд. Магар ин ба хоинии у далолат намекунад? Касе ки хиёнат ба дин ва мазҳаб кунад, оё хиёнат ба миллат ва ватан намекунад? Дастпарварди мактабҳои махсуси охундӣ оё метавонад, ки дӯсти миллати точик бошад, ки аксаран мусалмони ҳанафимазҳаб мебошад? Оё фарде ки як бор зиёнат кард, бори дуюм хиёнат намекунад? Мо ҳаминро медонем, ки агар касе аз мазҳаби аҷдодии хеш даст кашид, оқибаташ гумроҳӣ ва табоҳӣ мебошад. Агар ин "озодандеш" ватандӯст миллатдӯст мебуд, дар рӯзҳои сахте, ки ба сари мардум омада буд, ҳамроҳи мардум мебуд, аммо он рӯзҳо, ки солҳо 90 асри гузашта буд, дар кайфу сафо буд, парвои на миллат дошт, на ватан. Аммо имрӯз тараққӣ ва пешрафти ватан ҳамчун хор ба чашми бадхоҳони ватан мехалад, ки бехабар аз ин ки бадхоҳи касон хеч ба максад нарасад, ё ин ки бори каҷ ҳеҷ вақт ба манзил намерасад. Мардуми Тоҷикистон нисбати ПЕШВОИ МИЛЛАТ меҳри зиёде доранд, зеро дар рӯзҳои сахт ғамхори миллат буд ва миллати парокандаро сарҷамъ сохт, ватанро обод сохт. Тенҷӣ ва амонӣ, ки неъмати бебаҳои Худованд аст, дар сарзамини тоҷикон қарор дорад. Ин боис мешавад, ки бадхоҳони миллат дар ҳасад ва кинаи хеш сӯхта хокистар шаванд. Зеро хоҷагони онҳо аз онҳо талаб мекунанд, ки дар бадали маблағе, ки гирифтаанд, худро нишон диҳанд ва Тоҷикистонро ноором созанд, ки ИншоАллоҳ тоҷикон ва Тоҷикистон бесоҳиб нест, ин Тоҷикистони асри гузашта нест ва мардуми заҳматкаши тоҷик дар атрофи ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҷамъ шуда, дар обод сохтани ватан кӯшиш доранд чунонки шоъир мегӯяд:

Бедил ту маяндеш зи гуфтори рақибон,

Ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро.

 

Сархатиби масҷиди ҷомеи

маркази н. Қубодиён

ба номи Абӯҳанифа                                   Қарчиев Зайниддин

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.