ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ҲУСНИ ХАТ” ВА “НАҚШИ ЗАНОН ДАР СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия озмуни вилоятии “Беҳтарин ҳусни хат”-ро миёни коргузорони ин соҳа баргузор намуд.

Озмун аз рӯйи шартҳои ташкили гӯшаи ҳуҷҷатгузорӣ ва парвандаҳо, ба маърази тамошо гузоштани “Гӯшаи сабтҳои беҳтарини асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти соҳа баргузор гардид.

Дар озмун кормандони бахш ва масъулони соҳа дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон намунаи беҳтари фаъолиятро нишон доданд.

20181101_103331.jpgҲамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон дар ин рӯз озмуни “Нақши занон дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки бахши кор бо занон ва оила ва занони фаъолия ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Дар ин озмун ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти истеҳсоли хонагӣ ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи ҳакамон баҳои баланд дода шуд.

Бахши фарҳанги ноҳия дар доираи ин озмун барномаи рангини консертиро дар иҷрои ҳунармандони ноҳия доир намуд, ки ҳунари ҳар як санъаткор дар алоҳидагӣ баҳогузорӣ карда шуд.

Дар рафти чорабиниҳо сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сафарзода Зинатбӣ сухан намуда, изҳор дошт, ки иштироки фаъоли занон дар ноҳияи Қубодиён боиси сарбаландии мардуми ин ноҳия мебошад.

Ҳамчунин дар ҷараёни чорабиниҳо собиқадори меҳнат Назарова Тӯтихон ташкили чорабиниои баргузоршударо дар сатҳи зарурӣ баҳо дод.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон ва ташкилкунандагони озмун ва намоишҳо бо ифтихорномаи бахши САҲШ-и ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.