АҚИДАҲОИ БЕАСОСИ ҲНИТ (ДЕМОГОГИЯИ ҲНИТ)

Ҳамду сано Худовандеро, ки замину осмонро офарид ва дуруд ба паёмбараш, ки беҳтарини башар ва дорои мартабаи баланд ва ҳидоятгари ҷаҳониён аст.

Мавзӯе, ки мо баҳс мекунем, ақидаҳои ботилаи ҲНИТ аст, зеро солҳои охир бо рехтани хуни мусулмонон ва зино ва талаву тороҷ кардани мардумро фатво додаанд. Роҳбарони ҳизби таррористӣ мардумро фирефта ба ақидаи онҳо дини ислом ин ҷиҳод аст ва дар шариат нашъамандӣ ва рехтани хуни одамон ҷоиз аст. Аллоҳ Таоло дар Қуръон одам куштанро гуноҳи кабира шуморида мефармояд: «Ҳар касе муъминеро ба қасд бикушад, муҷозоташ оташи ҷаҳаннам аст, ки дар он ҷовид муаззаб хоҳад буд, Худованд ба ӯ хашм ва лаънат кунад ва азоби бисёр ва шадид муҳайё созад» (Сураи Нисо ояти 93)

Паёмбари Худо дар Иди Қурбон дар Мино дар Ҳаҷи видоъ хутба хонда фармуд: «Ҳамоно хунҳои Шумо ва молҳои Шумо ва обрӯятон бар шумо ҳаром аст»

Паёмбари ислом (С) се чизро аз ҳама чиз таъкид намуданд: хуни инсон, моли инсон ва обрӯи инсон ва дар охир фармуданд: «Албатта рисолати ман комил шуд».

Ақидаҳои ҲНИТ беасос буда, зидди Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (С) мебошад.

Гӯё ҳақиқати исломро ба мардум нишон медиҳанд, аммо худашон мунофиқанд, яъне дурӯя дар Тоҷикистон худашонро аҳли суннат мегиранд ва дар Эрон аҳли шиа ва дар дигар ҷойҳо ваҳобӣ ё салафӣ. Мо бояд ба фиреби онҳо бовар накунем, зеро онҳо мардумро гумроҳ месозанд.

Бовар дорам гуфтаҳои парокандаи ҲНИТ дар бегуноҳии ин ҳизб ва бадном кардани давлати мо ҳеҷ натиҷаи ба бор намеоранд. Моро зарур аст, ки ақидаи дурусти мазҳаби Имоми Аъзамро пайравӣ кунем, ки ин мазҳаби динӣи аҷдодии мову шумо мебошад. Ва дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ватанро бозҳам гулгулшукуфон кунем.

 

Имомхатиби Масҷиди ҷомеъи

ба номи Имом Раббонӣ

Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин                  Комилов А.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.