Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанг бо иштироки раиси ноҳия ва роҳбарону фаъолон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия Зафар Файзуллозода дар ин чорабинӣ тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, онро ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ унвон кард.
Дар идомаи сухани табрикотии раиси ноҳия зикр гардид, ки дар замони амали ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ сарварии гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ба дӯш доштанд, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат дигаргуниҳои азим ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Таъкид гардид, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки риояи меъёрҳои Конститутсия, эҳтироми қонун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, барои зиндагии озоду осоишта ва рушди мамлакат заминаи асосӣ мебошад.
Ҳамчунин дар чорабинии бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди ноҳия Мамарасулзода Саидҷаъфар оид ба моҳият ва аҳамияту таърихи Қонуни асосии мамлакат сухан намуда, онро заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ва маҳаки асосии онро асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ намуд. Раиси суди ноҳия изҳор дошт, ки Конститутсия ҳамчун шиноснома давлату миллати тоҷикро ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки ҳадафаш ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон шароити хуби зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Баъди анҷоми қисми тантанавии чорабинӣ бахшида ба ин санаи муҳими сиёсии кишвар аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши иштирокдорони чорабинӣ карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар доираи ҷашни Рӯзи қабули Конститутсия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ ба намоиш гузошта шуд, ки аз он иштирокдорони чорабинӣ дидан намуданд.