ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Инак Соли нави мелодии 2019-ум фаро мерасад. Мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди ноҳия чун дигар минтақаҳои кишвар соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли навро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд.

Соли 2018-ум бо фарогирии санаҳои муҳими таърихии сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои мардуми кишвари азизамон, хусусан барои аҳолии ноҳия басо хотирмон мебошад.

Аз ҷумла бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии кишвар мебошад.

Сокинони ноҳияи Қубодиён самараи барқароршавии муносибатҳои дӯстонаи ин ду кишвари дӯсту ҳамсояро бештар аз дигар минтақаҳои кишвар хуб эҳсос менамоянд, зеро бо дастгирии ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳия сохтмони беморхонаи бисёрҷанбаи замонавӣ оғоз гардида, дар наздиктарин фурсат мавриди баҳрабардории сокинони ноҳия ва берун аз қарор хоҳад гирифт.

Ногуфта намонад, ки дастоварди дигари соли равон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунари кишвар бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО ворид гардидани яке аз беҳтарин ҳунарҳои мардумии кишвар – чакан ба Феҳристи меросии фарҳанги ғайримоддии башарӣ мебошад, ки аз ҷониби тамоми сокинони кишвар дар Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун армуғон пазируфта мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар баробари ноил гардидан ба ин дастовардҳои бузурги аср дар давоми соли сипаришаванда сокинони ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи заҳмату кӯшишҳо соли ҷориро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

Бо эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар ноҳия инкишоф дода шуда, фаъолияти беш аз 100 хонаводаи ҳунарманди ноҳия дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ муаррифӣ карда шуда, ҷиҳати ҳавасманд гардонидани сокинон баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ намоишҳо ва вохӯриву суҳбатҳо ба таври мунтазам доир карда шуд. Ҳамчунин баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар ноҳия чораҳои таъхирнопазир андешида шуд.

Дар воқеъ рушду густариши соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида барои муаррифии имкониятҳои  сайёҳии кишвар мусоидати фаъол намуд.

Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунраҳои мардумӣ, махсусан таҷдиду бунёди инфрасохтори замонавӣ барои сайёҳон дар маҳал як сол нокифоя мебошад.

Аз ин ру зимни ироаи Паёми имсола  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, ки ин иқдом барои рушди ҳамаҷонибаи деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ҳамзамон бо мақсади ба як кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар паёми навбати аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.

         Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми имсоли худ Пешвои миллат  баҳри беҳдошти шароити зисту зиндагонии занон, ки асоси зиндаги ва тарбияи фарзандон ба дӯши онҳост, инчунин ҷиҳати бо касбу ҳунар ва шуғл таъмин намудани онҳо  аҳамияти махсус зоҳир карда шуд.

ҲОЗИРИ ГИРОМӢ:

Соли сипаригардида дар таърихи ноҳия бо корҳои созандагию ободонӣ, сохтмон ва бунёди иншоотҳои хизматию маишӣ нақши муҳим гузошт.

Соли равон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия пешравиҳо ба назар расида, ин раванд ба таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум мусоидат намуд.  

Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия барои ғанӣ гардонидани дастархони мардум, таъмини аҳолии ноҳия ва берун аз он бо маҳсулотҳои тару тоза хуб заҳмат кашида, дар ин самт ба дастовардҳо ноил гардиданд.                     

     Соли 2018 аз ҳар ҷиҳат барои мардуми ноҳияи Қубодиён соли бобарор ва соли пур аз файзу баракат буд.

    Зеро нишондиҳандаҳои иқтисодии ноҳия назар ба солҳои гузашта пеш рафта, зисту зиндагонии мардуми ноҳия беҳтар гардида истодааст. Корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншоотҳои ҷашни бахшида ба таҷлили  30- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҷараён доранд,  нишонаи возеҳи гуфтаҳои боло  мебошанд.

Бори дигар ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми ноҳияро бо фарорасии соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта бароятон саломатӣ, умри дароз, рӯзгори обод, бахту саодати пойдор ва сулҳу оромӣ орзумандам.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.