Дирӯз мову Шумо ва тамоми ҷаҳониён тавассути инъикоси намояндагони Воситаҳои ахбори умум шоҳиди боз як рӯйдоди таърихӣ, амалишавии ормони мардуми шарифи Тоҷикистон, самараи ваҳдату истиқлол, шоҳиди маросими ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии Роғун гардидем, ки дар ҳузури ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат ва садҳо нафар меҳмонон аз кишварҳои мухталифи олам баргузор гардид.
Дар ин росто ба ҳам тавъам омадани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор додани агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун бозгӯи он ҳақиқати таърихие мебошанд, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд. Зеро сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва инак агрегати якуми он мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба муносибати ин санаҳои муҳими таърихӣ ҳамаи Шумо, ҳозирини арҷманд ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи ноҳияро табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатию сарбаландӣ, барори кор ва дар хонадонатон гармӣ ва нуру зиёро таманно дорам.
Таҷлили Рӯзи Президент ҳамчун иди умумиллӣ бесабаб набуда, нишонаи эътирофи умумихалқии ин шахсияти бузурги таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ин рӯз рамзи эҳтиром гузоштан ба меҳнату талош ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ сафинаи давлатдориро беосеб пеш бурда истодааст.
Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи бо эътимоди тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ мекунад.
Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ буда, баҳри роҳнамоӣ намудани ҷомеа нақши муҳим дорад.
Президенти кишвар муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ буда, дар симои ӯ ҷаҳониён тоҷику Тоҷикистонро мешиносанд.
Бояд ёдовар шуд, ки таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, маншаъ мегирад.
Зеро дар ин иҷлосияи тақдирсоз роҳи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд омад.
Аҳамияти таърихии ин Иҷлосия бо гуфтаҳои боло маҳдуд нашуда, бо гузашти давраҳои муайяни таърихӣ аҳамияти он боз дучанд меафзояд.
Зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия шахсияти таърихие ворисии миллатро ба дӯш гирифт, ки имрӯз тамоми миллат ӯро ҳамчун Пешвои худ эътироф намудааст.
Дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, мустаҳкам шудани мавқеи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи татбиқи сиёсати дурандешонае мебошад, ки Пешвои муаззами миллат тайи ин солҳо амалӣ намудаанд.
Ҳамон гуна ки зикр намудем, мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи дастовардҳое мебошад, ки дар пайи амалӣ шудани сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат баҳри рушду пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба он ноил гардидем.
Сохтмони ин иншооти барои Тоҷикистон ва минтақа муҳими гидроэнергетикӣ ҳанӯз асри гузашта, солҳои 1930-юм ба нақша гирифта шуда, танҳо соли 1960 корҳои омӯзишии он шурӯъ шуда, соли 1976 бунёдаш оғоз шуд.
Он замон хуб дарк мекарданд, ки бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ манфиатовар аст.
Зеро иқтидори бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» пас аз анҷоми сохтмон 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод ва дарғоти баландтарин дар дунё бо баландии 335 метр обанбореро ба вуҷуд хоҳад овард, ки 13,3 километри мукаабро фаро мегирад ва солона 17,7 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол хоҳад кард.
Пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ бо сабабҳои маълум бунёди ин сохтмон қатъ гардид.
Вазъи ноороми ҷумҳурӣ имкон намедод, ки бунёди неругоҳ идома ёбад. Аммо ба бахти миллати тоҷик ва бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷумҳурӣ сулҳу ваҳдат ҳукмрон гардид ва баъд бунёди неругоҳи «Роғун» аз сар оғоз гардид.
Аз рӯзи аввали оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққиёти давлати миллӣ се ҳадафи стратегии фаъолият барои Ҳукумат ва аҳли кишварро муқаррар намуданд: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ.
Дар ин замина бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Зеро неругоҳи «Роғун» орзуву омоли халқи тоҷик буд, ки бунёди онро тамоми халқи тоҷик дар дил мепарварид.
Бояд эътироф кард, ки оғози солҳои 2000 кам нафароне ёфт мешуданд, ки ба бунёди неругоҳи «Роғун» эътимод дошта бошанд.
Аммо Сарвари давлати тоҷикон, мисли ҳамеша ба ваъдаи худ содиқ ва устувор буданд ва новобаста ба вазъи мураккаби замон ба бунёди Неругоҳи «Роғун» оғоз бахшиданд.
Ин амал, пеш аз ҳама, аз матонату устуворӣ ва садоқату меҳнатдӯстии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар айни замон дар ин иншооти муҳими аср зиёда 20 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар карда шудаанд.
Баъд аз бунёди Неругоҳи «Роғун» истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон як баробар афзуда, на танҳо талаботи аҳолӣ қонеъ гардонида мешавад, балки барои фурӯши зиёдатии он ба хориҷ аз кишвар низ имконият пайдо мегардад.
Инчунин бунёди Неругоҳи «Роғун» танзими бисёрсолаи маҷрои обро дар тамоми ҳавзаи обрави Амударё таъмин мекунад.
Зиёда аз ин имконият ва кафолат медиҳад, ки беш аз 3 миллион гектар замин дар солҳои камобиву хушксолӣ обёрӣ шаванд.
Ин обанбор ба кишварҳои поёноб ҳам барои обёрии заминҳои мавҷуда ва ҳам барои шодоб кардани заминҳои навкорам шароит муҳайё месозад. Яъне сохтмони «Роғун» ҷавобгӯи талаботи миллии ҳам Тоҷикистон ва ҳам тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.
Дар марҳилаҳои сохтмони неругоҳ Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни сохтмон дидан карда, бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд.
Ҳар сафари Пешвои миллат ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор такони ҷиддӣ мебахшад.
29 октябри соли 2016 мо шоҳиди он гаштем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер аз соати 10-и субҳ то соати 11:30 бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди неругоҳи Роғун ҳусни оғоз бахшиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба татбиқи сифатноки корҳо, ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисону сохтмончиёни ин қитъаи сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, масъулинро ба иҷрои мунтазами ҷадвали корӣ ҳидоят мекарданд.
Маҳз роҳнамоӣ ва пуштибонии Сарвари давлат буд, ки имрӯз мо шоҳиди ба истифода додани агрегати аввалини Неругоҳи «Роғун» гардидем, ки имрӯз нури Роғун дастраси ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта шуд.
14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда гузоштан дар бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми ин иншоот ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Бунёди пурраи Неругоҳи «Роғун» имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ворид шавад.
Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба «Роғун» аст».
Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор доштанд, ки “Неругоҳи Роғун бояд асрҳо барои мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад”
Бунёди НБО «Роғун» — ин амалӣ шудани орзуи мардуми тоҷик аст.
Бунёди пурраи ин Кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама боиси таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.
Бори дигар тамоми сокинони сарбаланди ноҳияро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати руйдоди муҳими таърихӣ –ба кор андохтани агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии “Роғун” табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо хушбахтӣ рӯзгори босаодат, бахти иқбол ва ба хонадони Шумо гармиву равшаниро орзумандам.