Табрикоти раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайрулло ба муносибати Иди Қурбон

Имрӯзҳо дар сартосари ҷаҳон ва аз ҷумла дар кишвари азизамон Иди сайиди Қурбон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи сокинони ноҳияро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони онҳо сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҳикмати ин иди бузург тибқи таълимоти дини мубини ислом самимияту садоқат ба Худои таоло, ростиву растагорӣ ва сафои қалбу рӯҳ мебошад.

Яке аз ин ҳикматҳо ба ҷо овардани қурбонӣ дар рӯзи ид мебошад.

Вале ҳангоми ба ҷо овардани анъанаҳои ид фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти молӣ воҷиб аст.

Касоне, ки чунин имкониятро надоранд, метавонанд бо рафтору гуфтор ва кирдори нек аз савоб бархӯрдор шаванд.

Зеро Худои мутаол дар Қуръони маҷид мефармояд, ки «Худованд ҳеҷ касро беш аз тавоноияш вазифадор намекунад».

Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки дар асоси ҳадисҳои пайғамбари ислом ҳама гуна хайроту садақот, аз ҷумла моли қурбонӣ, пеш аз ҳама, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат, яъне муҳтоҷону тангдастон дода мешавад.

Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кумак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст.

Имрӯз дар баробари ба ҷо овардани ин аҳкоми ид ба аёдату табрики пайвандону наздикон, беморону пиронсолон ва зиёрати оромгоҳи гузаштагон рафтан, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва муҳимтар аз ҳама, ба дармондагону ниёзмандон ва ашхоси камбизоат хайру эҳсон намудан ба анъанаи неки мардуми мо табдил ёфтааст.

Хотиррасон месозам, ки дар ин рӯзи муборак ва умуман, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мо набояд ба исрофкориву зиёдаравӣ ва худнамоиву зоҳирпарастӣ роҳ диҳем.

Бо ин мақсад моро зарур аст, ки риояи ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар мадди аввал қарор диҳем, зеро он омили сарфакории буҷети оила ва муҳофизи расму оин ва суннати ниёгонамон аз ҳар гуна тақлидҳои кӯркӯрона ва бегонапарстию зоҳирпарастӣ мебошад.

Рукни дигари Иди қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад. Имрӯзҳо бо шарофати истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ иддае аз ҳамватанони мо бо нияти адои маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар кардаанд ва дар қатори миллионҳо мардуми мусулмони ҷаҳон фаризаи ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд.

Итминон дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас барои сулҳу оромӣ ва суботи пояндаи кишвари азизамон ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон дуо карда, баъди бозгашт дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин, тарғиби одобу ахлоқи ҳамида дар байни мардум, алалхусус миёни наврасону ҷавонон, саҳми ватандӯстонаву инсонпарваронаи худро мегузоранд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон имрӯз ҳар к сокини мамалакат бояд амиқ дарк намояд, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон мо бояд сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне Истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ҳама ҳолат ҳимоя кунем ва манфиати давлату миллатамонро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем.

Падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳои зиё, ходимони дин ва ҳар як фарди ватандӯсту солимфикр вазифадоранд, ки гароиши наврасону ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ кунанд.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳар як фарди ҷомеа тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки ба хотири беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии худ, пешрафти давлат ва ободии Ватани маҳбубамон софдилона заҳмат кашида, дар таъмини ҳаёти осудаи ҳаёти сокинони мамлакат фаъолона иштирок намояд ва дар ин амри хайр саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, бори дигар тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии Иди саиди қурбон табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Миёна: 3 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.