Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа рафти иҷрои Барномаҳои давлатии имуннопрофилактика, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ баррасӣ гардиданд.
Дар охирин бозии мавсими якуми Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи 2 вилояти Хатлон дастаи “Пахтакор”-и ноҳия бо ҳисоби 1:0 ба дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор ғолиб омад.
Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҷойҳои ҷамъиятии маркази ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон аксияи тозагӣ таҳти унвони “Мо – ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем” баргузор карда шуд.
Дар толори қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба иди касбии табибон чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Дар назди қасри фарҳанги ноҳия намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар доираи иди сайри харбуза ва тарбуз баргузор гардид.
Деҳқонони ноҳия маҳсулоти худро, аз қабили каду, харбуза ва тарбуз ба намоиш гузошта, аз ҳосили фаровони имсол дарак доданд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шиносоии муовинони навтаъини раиси ноҳияи Қубодиён сурат гирифт.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.