Сокинони ноҳияи Қубодиён ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Ба ин муносибат дар ноҳия як қатор чорабниҳо, аз ҷумла ба истифода додани иншооти ҷашнӣ доир карда шуд.
Тибқи хатсайри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд, ки дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода ҳамроҳи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурӣ, намоянда ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурӣ дар ноҳия муҳтарам Сумангул Тағойзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода иштирок намуданд.
Ҳамчунин сокинони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин ва 20-соалгии Истиқлол бо иқдомҳои бунёдкоронаву созанда дар ободонии ноҳия саҳм гузошта бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Роҳи Нави Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба обоонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ба истифода дода шуд.
Бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол 4 иншоот, аз ҷумла дар деҳаи Қизилнишон Маркази хизматрасонӣ бо фарогирии сартарошхона, мағозаи тиҷоратӣ ва сардхона ва се адад иншоот – Тӯйхона, дорухона ва мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва либоса дар деҳаи Навбаҳор дар ҳолати тантанвӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки бунёди иншоотҳои мазкур ниёзи мардумро таъмин намуда, ба рушду тараққиёти маҳал мусоидат хоҳанд кард.
Сипас дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардида, дар ҳошияи он намоиши маҳсулоти кишоварзӣ чун рамзи ҳосили фаровони сол ва намоиши ҳунарҳои дастии сокинон доир карда шуд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода сокинони ноҳияро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландии халқи Тоҷикистон мебошад, табрик намуда, изҳор дошт, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри рушду пешрафти маҳал, ҳифзи суботу оромӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат тамоми чораҳоро андешида, ҷиҳати боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муовини раиси ноҳия Эмомализода Турахон барои фаъолияти назарраси корӣ мукофоти давлатиро тақдим намуд.
Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтии ноҳия ба шахсони арзанда ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаҳову сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 38 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат кумаки яквақтаинаи молиявиро дастрас намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барои иштирокдорони чорабинӣ барномаи ҷолиби театрикунонидашуда ва консертиро пешниҳод намуд.