МАВҚЕИ МО АЗ РӮЙИ ВИҶДОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ БО ИН ЗУҲУРОТ МУБОРИЗА БУРДАН АСТ

Ҷаҳони муосир дар масири рушди худ бо зуҳуроти гуногуни ғайримуққаррарӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Терроризм ва экстремизм яке аз онҳост, ки барои ҷомеаи инсонӣ хатарзо буда, тамоюли фарогирии зиёд дорад.

Оид ба мафҳуми терроризм мо аз китобҳо хондаву аз амалиёти террористон дар гӯшаву кишварҳои бузурги олам тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем. Таркишу гаравгонгирӣ, муносибати бераҳмона нисбати одамон, куштору асирӣ ба вайрон кардани тавозуни ҳаёти осоиштаи одамон таҳдид менамояд. Муҳим он аст, ки терроризм ва мағзшӯйи шахс оғоз мешавад ва ба қавли муҳаққиқон ин нафрати инсон ба инсон ва ба башарият мебошад.

Имрӯзҳо террористон бештар донишҷӯён, ҳатто ҷавонони донишмандро ҷалб намуда, неруи зеҳнӣ, истеъдод ва маҳорати онҳоро барои амалӣ кардани ҳадафҳои хеш истфода мебаранд.

Агар ба ҳайати аъзои ташкилотҳои террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнуъшуда – ҲНИ ва Гурӯҳи 24 нигарем, маҳз ҷавонон аксариятро ташкил медиҳанд. Ин сабаби дигар низ дорад. Дар ин гурӯҳҳо фарзандони собиқ низ дорад. Дар ин гурӯҳҳо фарзандони собиқ саркардагони ҲНИ, маҳбусони сиёсӣ, хешу табор ва доншҷӯёни тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, шомиланд. Онҳо асосан бо фаъолияти тарғибу ташвиқи ғояҳои ташкили давлати исломӣ, нохун задан ба эҳсоси инсонҳо, эътиқоди динӣ,” дифоъ” -и демократия машғуланд. Гурӯҳи террористи фазои итттилоотро барои ноил шудан ба мақсади худ истифода менамоянд.Онҳо тавассути рӯзномаву маҷалла, радиову телевизионҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият мебаранд. Маҳз тариқи интернет шиносоӣ ва гаравидани ҷавонон бештар мушоҳида  мешавад, чунки технологияҳои инфарматсионии муосир ба ҳама дастрас мебошанд. Ин фазои тарғиботиро хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷи сармоягузорӣ менамоянд. Таъсиси радио ва телевизонҳои онлайнӣ, ки бар зидди Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрӯза нигаронида шудаанд, шабонарӯзи дар эфир ҳастанд. Паст намудани эътибори ҳукуматдорон, сиёсатмадарон, сохти давлатдорӣ, даъват ба ҷиҳод ва муборизаи сиёсӣ, ангехтани душманӣ байни маҳалҳо, мазҳабҳои динӣ мавзӯҳои асосии ин барномаҳо мебошанд. Дар таҳияи барномаҳояшон ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ дахолат карда, сабаби мушкилоти иқтисодиро бо масъалаҳои сиёсӣ  алоқаманд  менамоянд.Шахсони аз мақсади ин гурӯҳҳои таблиғгар ноогоҳу саводи сиёсӣ  надошта дар симои онҳо гӯё  “муҳофизони” манфиатҳои иҷтимоиро дида, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Фаъолияти пасипардагии инташкилотҳо ба тағйир додани вазъи иҷтимоӣ не, балки сохти давлату афкори омма нигаронида шудааст.

Нисбати Тоҷикистон сомонаҳои Ахбор.сом, Паём.net., Ислоҳ.net., Андешагон.org, Восток–нюс, Кимиё ТВ, радио Паём, Рисолат.тҷ чун “фабрикаи ҷавоб” бо пахши иттилооти бардурӯғи иғвоангез, фейкҳо  фаъолият доранд. Дар  онҳо иттилооти ғаразноку тахрибгаронаи  душманони миллат ба нодида гирифтани дастовардҳои  Истиқлолияти Тоҷикистон садо медиҳад.

Ҳар шахрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, ки бо ин иттилоот шинос мешавад, бояд аз мавқеи ватандорӣ, воқеи баҳо додани вазъият, таҳлилу муқоисаи он, дарки ҳадафи асосӣ муносибат намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриву суханрониашон доимо таъкид менамояд, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз оқибати равандҳои манфии  муосир, таъсири  хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин бошем. Дар воқеъ, таърихи сисолаи Тоҷикистони имрӯза бо тариқаи нодири  сулҳсозӣ моро ба ҳифзи истиқлолият водор менамояд.

Террористон дар кадом кишваре набошанд, мардумро дар тарсу ҳарос нигоҳ дошта, қудрати хушунатро намоиш медиҳанд. Дар шароити имрӯзаи олам гӯшае нест, ки аз ин нерӯи фалокатбор дар  амн бошад. Вазъияти кишвари ҳамҷавори мо –Афғонистон ба он давлат мекунад, ки экстремизми динӣ чиро ба бор меорад. Мардуми тоҷик даҳсолаҳо аз ҷангу муноқишаҳои қавмӣ ҷабрдида парешону хор шудасст. Зери таъсири мақсадҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат осоиш наёфтании мамлакат кам буд, ки Толибон ин вазъиятро боз ҳам мушкилтар намуданд. Толибон бо террористону экстромистони динӣ ҳамақидаанд. Ҳадафи онҳо ба раъйи мардуми афғон мувофик нест. Фирори шудани миллионҳо шаҳрвандони ин кишвар, имдод хостани занону кӯдакон  барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ аз ҷонибдорӣ накардани Толибон гувоҳи медиҳад. Тазъиқу маҷбур кардани мардум ба зиндагии асримиёнагӣ  зери пардаи  ислому шариат дар асри ХXI танҳо бaрои ғасби ҳокимият аст. Мавқеи мо аз руйи виҷдон ва масъулияти шаҳрвандӣ  бо ин зуҳурот мубориза бурдан аст. Бояд  ба иттилооти гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ назари интиқодӣ намуда, мавқеи устувори сиёсӣ дошта бошем. Ватан ва халқи худро сидқан дӯст дорем, вафодор бошем  ва барои рушду беҳбудии ҷомеа саҳм гузорем, чунки мақсади нек поянда ва созанда мебошад.

 

 

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Қубодиён

Абдуллозода Ваҳобиддин.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.