
Имрӯз Тоҷикистон — кишвари дар ҳоли рушд, кишвари соҳибистиқлол ва дорои суботи сиёсиву иҷтимоӣ мебошад. Давлат ва ҷомеаи мо дар натиҷаи заҳмати чандинсолаи мардум ва Роҳбарияти оқилона тавонистанд, ки пас аз як марҳалаи душвори таърихӣ — ҷанги шаҳрвандӣ, пояҳои давлатдориро мустаҳкам намуда, роҳи ваҳдат, пешрафт ва рушди устуворро интихоб кунанд.
Бо вуҷуди ин, бархе гурӯҳҳо ва ашхоси алоҳида, ки худро «мухолифони сиёсӣ» меноманд, кӯшиш доранд бо роҳҳои мухталиф ба ин раванд латма расонанд. Онҳо зери шиорҳои бардурӯғ амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки ба манфиати ҷомеа, миллат ва давлат нест.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҳар як кишвар барои таҳкими амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати ҷомеа мубориза мебарад, хиёнат ба манфиатҳои давлат ва миллат яке аз хатарноктарин зуҳуроти замони мост. Он на танҳо амали ҷиноӣ аст, балки равандест, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ монеа эҷод мекунад.
Чизе, ки имрӯз аз сӯи бархе хоинони хориҷнишин анҷом дода мешавад, на танҳо ба сиёсати давлат, балки ба тамоми низоми давлатдорӣ, мардум ва арзишҳои миллӣ мухолиф буда, иборат аз туҳмат, таҳқир, бадномсозӣ ва таблиғоти ақидаҳои ифротӣ беш нестанд.
Ин гурӯҳҳо бо дастури хоҷагони худ аз хориҷа фаъолият бурда, бо ҳасаду кина ба рушду пешрафти кишвари азизи мо нигоҳ карда, бо ҳар роҳ мехоҳанд ба ин раванди ободонӣ ва гулгулшукуфии меҳани азизи мо халал расонанд.
Хушбахтона, имрӯз ҷомеаи тоҷик аз ҷиҳати сиёсӣ огоҳ ва ҳушёру зирак аст. Мардум таҷрибаи талхи солҳои 90-умро аз ёд набурдаанд ва дигар намехоҳанд қурбонии ҳангомаҳо, фитнаҳо ва дасисаҳои шахсони манфиатдор шаванд.
Мардум мефаҳманд, ки ҳар даъвои хоинон бо дастуру супориши хоҷагонашон ва ҳадафҳои ғаразноки онҳо иҷро гардида, барои ин амалашон майдони беназорати шабакаҳои иҷтимоӣ фароҳам дода шудааст.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дарк кунад, ки хоиноне, ки бар зидди сулҳу ваҳдат, бар зидди пешрафт ва истиқлолият садо баланд мекунанд, мухолифи давлат, мухолифи ваҳдат, мухолифи ободонию гулгулшукуфӣ ва мухолифи миллатанд.
Мо — фарзандони Тоҷикистон, бояд бо ҳам бошем. Ба дасисаи душманон дода нашавем. Миллатро ҳифз кунем. Суботро нигоҳ дорем. Ва ба ҳар шакли хатар, новобаста аз номи он — вокуниш диҳем.
Мудири шуъбаи кор бо занон
ва оилаи МИҲД ноҳияи Қубодиён
Ҳақназарзода Зуҳро