ХИЁНАТ БА ВАТАН – ХИЁНАТ БА МОДАР, ТАЪРИХ ВА ВИҶДОН

Хиёнаткор кист? Ин шахсе нест, ки танҳо қонунро мешиканад. Ӯ шахсест, ки ба модари худ — Ватан, ба хоки поки аҷдодӣ, ба мардуми худ хиёнат мекунад. Хиёнат — ин фурӯши виҷдон аст. Онеро, ки имрӯз ба номи «фаъоли сиёсӣ» ё «мунаққиди ҳукумат» мешиносонанд, бояд аввал ба кирдору мақсадҳояш нигарист: оё ҳақиқатан барои ободии кишвар мегӯяд ё бо супориш ва маблағи бегона гап мезанад?

Мутаассифона, баъзе ҳамватанони мо, ки дар зери ниқоби "дӯстдорони озодӣ" сухан мегӯянд, дар асл ба манфиати бегонагон хидмат мекунанд. Онҳо шӯълаи кинаву нафратро миёни мардум мепарваранд, бо ҳар гуна суханони дурӯғ ба сулҳу оромии кишвар латма мезананд ва ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранд.

Ин афрод фаромӯш кардаанд, ки Ватан бо ҳазор ранҷу машаққат бунёд ёфтааст. Онҳо намедонанд, ки фарзандони ҳақиқии ин сарзамин шабу рӯз меҳнат мекунанд, то Тоҷикистони соҳибистиқлол гул кунад, рушд ёбад ва номи некаш дар ҷаҳон баланд бошад.

Мо, фарзандони содиқи ин сарзамин, бояд зирак бошем. Ба дасисаи хоинон дода нашавем. Ба ҳар хабар ва ҳар сухане, ки аз забони онон мерасад, беандеша бовар накунем. Танҳо як мисол кифоя аст: агар касе дар хориҷи кишвар нишаста, ба Ватане, ки дар он таваллуд шудааст, таҳқир мерезад — пас ӯ кист? Оё вай ҳаққи сухан гуфтан аз номи мардумро дорад?

Ҷавоби мо равшан аст: не!

Мо бо ифтихор мегӯем:
Тоҷикистонро дӯст медорем!
Ватанро муҳофизат мекунем!
Хиёнатро маҳкум менамоем!

Хиёнатгарон метавонанд ба хориҷ паноҳ баранд, аммо на аз таърих мегурезанд, на аз лаънати миллат. Номи онҳо дар саҳифаҳои сиёҳи миллат бо ҳарфи шарм навишта мешавад.

 

Мудири бахши дин, танзими анъана

 ва ҷашну маросими МИҲД ноҳияи Қубодиён

Муҳаммадшарифзода Зафар

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.