
Бахшида ба 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомад раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ шодбош гуфта, изҳор дошт, ки санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки минбаъд тақдири мардуми тоҷикро комилан дигаргун карда, ҳамчун оғози марҳилаи наҷот, худсозӣ, худафрӯзӣ ва саодати халқ дар сафҳаи хотираҳо сабт гардид. Дар ин рӯзи хуҷаста пас аз талошу пайкорҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Певои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Қайд гардид, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард.
Дар идомаи маҷлис прокурори ноҳия Зарифӣ Ашурмад ба сухан баромада, изҳор дошт, ки азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъйю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997, яъне бисту ҳашт сол қабл, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Бо имзо шудани ин созишномаи тақдирсоз дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоят душвору нооромии даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.
Дар идома раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Ваҳобиддин суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард.
Дар фарҷоми ҷамъомад бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.