ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯ

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳия як қатор чорабиниҳо баргузор гардид.

Дар варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба ин иди фархунда чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз ва оғози соли нави миллӣ табрик намуда, Наврӯзро ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда унвон кард.

Ба гуфтаи раиси ноҳия мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд ва ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Дар варзишгоҳи марказии ноҳия – макони баргузории чорабниҳои наврӯзӣ ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ намоиши маҳсулоти ҳунари пӯхтупази миллию мардумӣ ва хӯрокҳои наврӯзиро ташкил намуда, сокинону меҳмонони ноҳия бо завқу шавқи беандоза аз ин намоиш дидан намуданд.

Иду хурсандии сокионони ноҳияро намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора ва намояндаи вилояти Хатлон Қурбонзода Қурдон ҳамроҳӣ намуда, табрикот ва муждаи наврӯзии роҳбарияти кишвар ва вилоятро ба сокинон расониданд.

Дар рафти чорабинӣ, ки бо иштироки беш аз панҷ ҳазор сокинон доир гардид, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба шахсони арзанда ифтихорнома тақдим карда шуда, таъкид карда шуд, ки давлат ва Ҳукумат саҳми ҳар як нафарро дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногун қадрдонӣ менамояд.

Ҳамчунин бо мақсади иҷрои яке аз рукнҳои наврӯзӣ, ки дасти кумак ба шасони ниёзманд дароз кардан мебошад, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба 37 нафар собиқадорону ниёзмандон кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия бо баргузор намудани барномаи театрикунонидашуда хотири зоҳиринро болида намуд.

Ҳамзамон дар рӯзи чорабинӣ як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, пули мошингузар дар мавзеи селгузари Чимғилиши Ҷамоати деҳоти Заркамар, бинои синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Чинортуғаи деҳоти Заркамар, ки бо дастгирии сокиноин маҳаллӣ бунёд ёфтаанд ва инчунин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нонӣ дар деҳаи Заркамар ва маҳсулоти пластикӣ дар деҳаи Чорбоғи деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзв бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилояти мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.