Сухани табрикотии раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз-2024

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун бо ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон ҳамчун таҷассумгари тафаккури миллӣ ва сиришти маънавӣ ҷойгоҳи хос гирифтааст, тамоми сокинони сарбаланди ноҳияи бостонии Қубодиёнро табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ сарсабзию хуррамӣ хушбахтию хонаободӣ ва барору комёбӣ хоҳонам.

Орзуманди онам, ки баҳор ва ҷашни хуҷастаи Наврӯз ба кишвари маҳбуби мо нишоти ҳамешагӣ, ободкориҳои тоза, фаровонӣ ва хони пур аз нозу неъматро ато намояд.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи шинохти Наврӯз оғоз гардида, суннату оинҳои он эҳё шуданд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: “Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат мекунад”.

Наврӯз дар баробари дигар фазилатҳои некаш, инчунин ҷашни некиву накукорӣ, дӯстиву иттиҳодӣ ва ободиву созандагӣ мебошад.

Гузаштагони мо Наврӯзро ҳамчун ҷашни офариниши инсон ва табиат унвон намуда, чунин меҳисобиданд, ки олам дар рӯзи Наврӯз офарида шудааст ва ба ҳамин хотир ин падидаи бузурги табиатро азизу муътабар медонистанд.

Яке аз фазилатҳои Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ, сабзгардониву парвариши ниҳол ва бунёди боғҳо мебошад, ки ин анъана дар тамоми мамолики таҷлилкунандаи иди Наврӯз риоя ва амалӣ карда мешавад. Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми заҳматкаш ва меҳнатқарини Тоҷикистон дар баробари эҳё намудани анаъана ва суннатҳои неки наврӯзӣ, садҳо боғи нав бунёд намудаву миллионҳо ниҳолу гул мешинонанд.

Воқеан, ҷашни Наврӯз ёдгории барҷасата ва бошукӯҳи зиндамондаи мардуми ориёнажод аст, ки собиқаи пеш аз панҷ ҳазорсола дорад ва яке аз ҷашнҳои бисёр кӯҳани ҷаҳон ба шумор меравад. 

Бо омад-омади Наврӯз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад, хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накӯкорӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва бунёдкорию созандагиро бедор мекунад.

  Бузургони илму адаби мо ҳамин дӯстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд.

Мо ҳам бояд шукр аз он кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзро таҷлил менамоем.

Мардуми мо чун анъана ба пешвози Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷоест, ки покизагиву ободӣ бошад.

Ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ то имрӯз дар ноҳия корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки дар он саҳми сокинони ноҳия басо назаррас мебошад. Воқеан, яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.

Барои ин, пеш аз ҳама, ҳар як сокини ноҳия бояд кӯшиш намояд, ки барои ободии он саҳми худро гузорад, маҳалли зист ва кору таҳсили худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад. Ин қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии ҳамаи сокинони ноҳия ва вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳияамон имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Мо бояд аз ин имкониятҳо самараноку сарфакорона истифода барем ва ноҳияамонро ба идгоҳу наврӯзгоҳи воқеӣ табдил диҳем.

Итминон дорам, ки сокинони сарбаланду соҳибмаърифати Қубодиёни бостонӣ ба шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ободу зебо гардонидани он саъю талоши боз ҳам бештар карда, исбот менамоянд, ки мардуми мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин мебошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.