Раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат дар арафаи иди матбуоти тоҷик аз идораи рӯзномаи ноҳиявии "Тахти Қубод" дидан намуда, аҳли эҷод ва собиқадорони рӯзномаро ба муносибати 112-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки матбуоти тоҷик дар 112 соли мавҷудияти худ масири пурифтихореро тай намуда, бешак дар роҳи иттилоърасонӣ, равшангарии афкори ҷомеа, ривоҷ додани андешаи миллӣ ва тафаккури созанда саҳми босазое гузоштааст.
Инчунин таъкид карда шуд, ки рӯзномаи ноҳиявии “Тахти Қубод” аз соли 1932 то ҳол баҳри тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, дастоварди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия фаъолият дошта, ҷиҳати баланд бардоштани худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкорсозӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва дар маҷмӯъ барои рушду пешравии ҷомеа саҳмгузор буда, бо теъдоди назаррас дастраси сокинон мегардад.
Дар охир раиси ноҳия ба собиқадорону кормандони рӯзнома аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои молиявӣ тақдим намуда, аҳли эҷоди рӯзнома барои фаъолияти самаранок бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки нашрияи “Тахти Қубод”-и ноҳия соли гузашта дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз бо бинои алоҳида таъмин карда шуда, барои кормадони рӯзнома шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.