Муҳокимаи ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён санаи 20 ноябри соли ҷорӣ таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, дар доираи лоиҳаи «Пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор тавассути банақшагирии самараноки миллӣ, мониторинг ва арзёбӣ ва идоракунии дониш (PIP); Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон (LITACA III);» муҳокимаи ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2021-2025 баргузор намуд.

Мақсади асосии баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ, пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оид ба рафти иҷрои татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Қубодиён дар соли 2023 мебошад. Баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ ҷалби тамоми тарафҳои дар сатҳи маҳалӣ барои татбиқ ва мониторинги барнома ҳавасмандро пешбинӣ намуда, имконият медиҳад, ки самаранокии лоиҳаҳои татбиқшаванда беҳтар гашта, барои беҳтар гаштани сифати зиндагии аҳолӣ шароитҳои иловагӣ фароҳам меорад.

DSC_2334.JPGБо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар  ноҳия бо ибтикор ва дастгирии Вазорати  рушди иқтисод  ва  савдои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён  барои  солҳои  2021-2025 таҳия гардида, бо қарори Маҷилиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён аз 28 декабри соли 2020, №37 тасдиқ карда шуд.

Барномаи мазкур дар доираи амалиёти  Ҳадафҳои рушди устувор, дар заминаи «Стратегияи  Миллии  Рушди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  давраи  то  соли  2030» ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” сарчашма гирифта,  ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои  бартараф  кардани  камбудиҳои  ҷойдошта  дар  самти фароҳам овардани  зиндагии  шоиста  барои аҳолии ноҳия нигаронида шудааст.

Барнома ҳамчун ҳуҷҷати стратегии рушди ноҳияи буда, афзалият ва самтҳои умумии сиёсати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияро муайян менамояд, ки он барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст.

  Бо мақсади рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ дар Барнома масъалаҳои зерин ҳамчун Ҳадафи асосӣ муқаррар шудаанд:

-беҳтар намудани некуаҳволӣ ва шароити зист барои аҳолӣ;

-таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ;

-беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷуда;

-ташкили ҷойҳои нави корӣ;

-баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ;

-беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист экологӣ;

-баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум.

Арзиши Барномаи рушди ноҳияи Қубодиёнро маблағи лоиҳаҳои дар он зикргардида муайян менамояд. Барномаи мазкур 104 адад  лоиҳаҳоро  ба маблағи зиёда аз 234 миллиону 453 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад.

Аз он 35 лоиҳа ба маблағи 76 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 52 лоиҳа ба маблағи 134 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ ва 17 лоиҳа  ба  маблағи 25 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор тааллуқ дорад.

Тибқи Барнома дар соҳаҳои кишоварзӣ 19 лоиҳа ба маблағи 19,8 млн. сомонӣ, саноат 6 лоиҳа ба маблағи 4,7 млн. сомонӣ, сохтмон 10 лоиҳа ба маблағи 51,6 млн. сомонӣ, маориф 26 лоиҳа ба маблағи 54,6 млн. сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 10 лоиҳа ба маблағи 53,5 млн. сомонӣ, фарҳанг ва фароғат 6 лоиҳа ба маблағи 7,3 млн. сомонӣ, сайёҳӣ 5 лоиҳа ба маблағи 12,1 млн. сомонӣ, ҷавонон  ва варзиш 5  лоиҳа ба маблағи 6,3 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 5 лоиҳа ба маблағи 2,6 млн. сомонӣ, таъмини барқ 4 лоиҳа ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ,  нақлиёт ва хоҷагии роҳ 5 лоиҳа ба маблағи 4,8 млн. сомонӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда 3 лоиҳа ба маблағи 15,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи имкониятҳои молиявии мавҷудаи буҷети маҳаллӣ, дастгирии буҷети ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар самти татбиқи тадбирҳои муайян намудаи Барномаи рушди ноҳия корҳои зиёде иҷро шуданд.

Ба ҳолати 01 октябри соли 2023 ҳамагӣ 20 лоиҳа ба маблағи 126,5  млн. сомонӣ  амалӣ шудааст, ки ин 54,0 фоиз аз арзиши умумии Барномаро ташкил намуда, 10 лоиҳаи дигар дар амал қарор дошта ва 74 лоиҳа иҷро нагардидааст.

Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои иҷрогардидаи Барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 19,7 млн. сомонӣ, ё ин ки 18,6 фоиз, аз ҳисоби бахши хусусӣ 14,8 млн. сомонӣ, ё ин ки 42,0 фоиз  ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 92,0 млн. сомонӣ, ё ин ки 106,5 фоиз нисбати нақшаи пешбинӣ гардида ташкил менамояд.

Бо кӯшишу талоши сохторҳои алоҳидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар ҳамбастагӣ бо кӯмаки машваратию методии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, инчунин бо дастгирии молиявӣ Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён зина ба зина амалӣ шуда истодааст, ки дар натиҷаи он мо ба як зумра дастовардҳо дар соҳаҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеа ноил гардид.

Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои чакана дар ҳамаи соҳаҳои савдо ба маблағи 203,5 млн. сомонӣ, ё ин ки 106,1 фоиз, хизматрасонии меҳмонхонаву тарабхона 7 млн. сомонӣ, ё ин ки 111,5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳо 92,6 млн. сомонӣ, ё ин ки 104,9 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ ташкил медиҳад.

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 1 млрд. 358,5 млн. сомонӣ, ё ин ки 107,3 фоиз, аз ҷумла дар соҳаҳои растанипарварӣ 108,1 фоиз, чорводорӣ 103,9 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил дода, 92,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 17366 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 229 гектар зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 103,1 млн. сомонӣ, ё ин ки 104,0 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ ташкил намуда, 4,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи коргоҳҳо ва корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия 30 адад ташкил дод, аз ҷумла навтаъсис 5 ададро ташкил намуда, дар ин давра 4,2 тонна маҳсулоти қаннодӣ, ё ин ки 89,4 фоиз, 8618,6 тонна орд, ё ин ки 85,0 фоиз, 1201,5 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, ё ин ки 74,6 фоиз, 659,4 ҳазор дона хишти сементӣ, ё ин ки 106,9 фоиз ва 1129,5 тонна гӯшт, ё ин ки 102,0 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол карда шуд.

Бо назардошти нақшаи чорабиниҳои тасдиқ гардида аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 12 адад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои сангрезашуи ва истихроҷи шағал, обҳои ташнашикан, маводҳои пластикӣ, макаронбарорӣ, сангҳои ороишӣ, дӯзандаги ва чопи типографӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра 5 адад корхона мавриди истифода қарор дода шуда, дар самт корҳо бо маром ҷараён дорад.

Соли ҷорӣ дар ноҳия бо кўмаки молиявии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид лоиҳаи LITACA таҷҳизот барои коркарди бодом ва орд дар ноҳияи Қубодиён бо маблағи 53,7 ҳазор доллари америкои дастрас шуд.

 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.