Дар толори қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки Президенти кишвар муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ буда, дар симои ӯ ҷаҳониён тоҷику Тоҷикистонро шинохта аст. Қайд гардид, ки рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар Иҷлосияи тадқирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронии гуфт: “Масъалаи асосии иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он аз интихоби роҳбарият, хукумат ва сохти нави давлатдорӣ дар ҷумҳурӣ оғоз ёфт”.
Бо мақсади танзим, ба эътидол даровардани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва эҷоди заминаи ҳуқуқӣ дар ин Иҷлосия гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳадафи онро ташкили давлат бо сохтори идораи президентӣ дарбар мегирифт. Самараи фаъолияти ин гурӯҳи корӣ буд, ки соли 1994-ум дар натиҷаи баргузор намудани раъйипурсии умумихалқӣ Конститутсияи амалкунанда қабул гардид ва дар асоси он сохтори президентии давлат дар кишвар амалӣ карда шуд.
Гуфтта шуд, ки аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳод имрӯз дар мисоли мактаби сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос мешавад.
Таъмини сарҷамъии воқеии миллат ҳам яке аз вазифаҳои асосии ҳокимият ба шумор рафта, эътирофи мардум ба сифати сарчашмаи асосии ҳокимият яке аз нишонаҳои принсипи демократие буд, ки Раиси Шӯрои Олии кишвар дар ин иҷлосия эълон дошта буд.
Раиси ноҳия дар фарҷоми баромади худ таъкид намуд, ки таҷлили ин рӯз рамзи эҳтиром гузоштан ба меҳнату талош ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ сафинаи давлатдориро бе осеб пеш бурда истодааст.
Дар идома шахсони фаъол барои дастовардҳои назаррас ва фаъолияти пурсамар бо сипоснома ва туфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раиси ноҳия қадрдонӣ карад шуданд.
Бахши фарҳанги ноҳия дар фарҷоми чорабинӣ барномаи ҷолиби консертиро пешниҳоди ҳозирин намуд.