Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия аз ҷониби сокинону фаъолони ноҳия роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Сокинон дар ин чорабинӣ бо рӯҳияи идона ва хушҳоливу хурсандӣ иштирок намуда, зимни суҳбат иброз намуданд, ки ба хотири ибрози қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён, заҳматҳои шабонарӯзӣ баҳри таҳкими истиқлолияту рушду тараққии мамлакат ба роҳпаймоӣ омаданд ва имрӯз дар ноҳия чун дигар манотиқи кишвар фазои идона ба хотири ин ҷашни муҳими даватдории мо танинандоз мебошад.
Дар баробари ин, дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар яҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аксияҳои маърифатӣ гузаронида шуда, аз ҷониби шуъбаи маориф ва коллеҷи омӯзгории ноҳия мизҳои мудаввар ва конференсияҳо дар робита ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.