Сокинони ноҳияи Қубодиён ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Ба ин муносибат дар ноҳия як қатор чорабниҳо, аз ҷумла ба истифода додани иншооти ҷашнӣ сурат гирифт.
Санаи 8 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Полвонтуғаи деҳоти ба номи Носири Хусрав 6 адад синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Синфхонаҳои мазкур барои 288 нафар хонанда дар ду баст бунёд гарида, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар сохтмони бино масолеҳи босифати сохтмонӣ истифода шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ маблағгузорӣ шудааст.
Сокинони деҳа ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба соҳаи илму маориф миннатдорӣ баён намуда, изҳор намуданд, ки масъулияти худро дар таълиму тарбияи фарзандон бо истифода аз шароити мусоиди таҳсил дучанд менамоянд.
Ҳамчунин субҳи имрӯз дар деҳаи Арабхонаи деҳоти мазкур дар назди муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 се адад синфхонаи иловагӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии таълим бо иштироки раиси ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Қурбонзода Қурбоналӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки онҳо имконяти фарогирии 188 нафар хонандаро дар ду баст фароҳам меоранд.
Иқдоми мазкур бо дастгирии шазсони саховатпеша амалӣ гардида, масъалаи фарогирии хонандагонро ба синфхона дар шароити афзоиши аҳолӣ ҳал менамояд.
Дар идомаи тантанаҳои ҷашнӣ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳраки Қубодиён бинои Маркази савдо ва чойхонаи “Самарқанд”, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо тарҳи наву замонавӣ дар ду қабат бунёд ёфтааст, дар ҳолати тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар баробари ҳалли мушкили дастрасии аҳолӣ ба маводи аввалия, инчунин барои то даҳ нафар ҷои кори доимӣ ва маош фароҳам сохта, ба симои шаҳарки Қубодиён ҳусни тоҳа зам намуд.
Сипас дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия чорабинии тантанвӣ доир гардида, дар он раиси ноҳия ва меҳмонон сокинонро ба муносибати фарорасии ҷашни фархундаи миллӣ – 32-солагии истиқлоли давлати табрику таҳният намуда, изҳор гардид, ки Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконияти ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянро фароҳам орвард.
Раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат дар баромдаи худ изҳор дошт, ки сокинони шарафманди ноҳияи Қубодиён бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо дар ҳифзу истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузошта, дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон баҳри ободиву гулгулшукуфии ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба фаъолон сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуда, ба собиқадорони меҳнат барои фаъолияти пурсамар кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.
Дар фарҷоми чоабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.