Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоти Хатлон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи вилотӣ оид ба Таэквондо (ВТ) таҳти унвони "Субҳи Хатлон" баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ бештар аз 10 дастаи мукаммали варзишӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он фаъолона ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Аз ноҳия дар ин мусобиқа 4 нафар варзишгарон дар вазнҳои аз 33 то +59 кг ширкат намуда, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Ду нафар варзишгарон Садиров Меҳрулло дар вазни +59 дар даври ниҳоӣ бо варзишгар аз шаҳри Душанбе рақобат намуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ҳарифи худро мағлуб карда, соҳиби медали тилло гардид. Абдураҳмони Мирзосафар дар вазни 45 кг бар ҳарфи худ аз шаҳри Бохтар бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада, соҳиби медали тилло гаридид.
Ҳамчунин ду нафар варзишгари дигар Кулулов Абдулло дар вани 55 кг ва Кулулов Абдувоҷиб дар вазни 33 кг маҳорати баланди варзишӣ нишон дода соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон ба мураббии дастаи ноҳия Кулулов Мирзосафар барои дастовардҳои назаррас ва иштироки фаъолонаи варзишгарон дипломи 9-умин мусобиқаи “Субҳи Хатлон” оид ба таэквондо тақдим карда шуд.