ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 март айбдоршавандаи парвандаи ҷиноятӣ, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) Манучеҳр Шеров дастгир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар доданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар доираи чораиниҳои бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар пайравӣ аз ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи Иди Наврӯз бо ибтикори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ақди никоҳи 6 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия чорабинии оммавии идона баргузор гардид.
Ҳузури муборак ва ҳумоюни ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯзро бо накӯтарин таманниёти самимӣ ба тамоми сокинони сарбаланди ноҳияи Қубодиён таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки файзу нусрат ва шукӯҳи ин ҷашни фархунда бароятон иқболу саодат, комгориву тавфиқ ва дар ҷодаи амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда муваффақиятҳои беназирро ато намояд.
Дар толори қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.