Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия як қатор чорабиниҳо багузор гардид. Бо нишони ҳамдилӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҷовонон дар кӯчаи марказии ноҳия роҳпаймоӣ баргузор гардида, сокинон бо руҳияи идона ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати кишвар дар таҷлили ин ҷашнҳо иштирок намуданд.
Дар идомат тантанаҳои ҷашнӣ дар назди қасри фарҳанги ноҳия намоиши илмиву таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, сокинон бо китобҳои пурмӯҳтавои Пешвои миллат, ки аксаран масъаоаҳои марбут ба таъриху фарҳанг дастовардҳои замони истиқлол дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсати хориҷии кишварро дар бар мегиранд, шинос шуда, дар чорабинии тантанавии бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳия муҳтарам Бадриддин Садриддинзода ҳозиринро ба муносибати ин ҷашнҳои муҳими таърихӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки ба ҳам тавъам омадани ин ҷашнҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд. Қайд гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шӯълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари Давлат ба майдон омад. “Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат барбаст.”, изҳор дошт раиси ноҳия.
Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амирбеки Темур баромад намуда, паёми табрикии раиси вилоятро ба самъи сокинони ноҳия расонид.
Сипас аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳия ба фаъолону масъулон, ки дар рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми назаррас дошта, дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ иштироки фаъолона намудаанд, бо сипоснома, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ба муносибати ин ҷашнҳо аз ҷониби соҳибкорони бо ору номус ба мактаб – интернати ноҳия кумаки яквақтаинаи молӣ расонида шуд.