Рӯзи 27 марти соли равон ҷиҳати омодагӣ ба оғози корҳои сохтмонии корхонаи азими истеҳсоли семент ба мавзеи сохтмони ин корхона – деҳаи Равшанободи Ҷаомати деҳоти ба номи Носири Хусрав роҳбарияти ширкатҳои пудратчӣ ва фармоишгар ташриф оварданд.
Меҳмононро раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода З. истиқбол намуда, дар расми омодагӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Раиси ноҳия зимни суханронии худ қайд намуд, ки бунёди корхонаи мазкур дар оянда баҳри давра ба давра зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти семент, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо сементи хушсифати ватанӣ ва ҳамзамон содироти он ба хориҷи кишвар заминаи воқеиро фароҳам оварда, дар рушди саноати мамлакат такони тоза бахшида, вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияро беҳтар хоҳад кард.
Ҳамзамон директори генералии ширкати инвеститсионию истеҳсолии “Ориёнинвест” Саидисматулло Валиев изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур, инчунин сохтмони дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли шакар ва кафеҳои ороиширо дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки лоҳаи сохтмони корхонаи азими истеҳсоли семент дар ноҳия бо хазинаи 160 млн. доллари амриокӣ, ки аз тарафи ширкати холдингии “Хенан Чжун – Я” сармоягузорӣ мешавад, пас аз ба фаъолият шурӯъ намудани иқтидори истеҳсолии 5000 ҳазор тонна дар як шабонарӯз, 2 млн. тонна дар як сол дошта, барои 1500 нафар ҷойи кор фароҳам месозад.
Зимнан, бо назардошти мувофиқ омодани маросими омодагӣ ба оғози корҳои сохтмонии корхонаи мазкур ба рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ин маросим чорабинии идона бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баргузор гардида, намоиши ҳунарҳои марумӣ доир карда шуд.